Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Тими футболи “Барселона”-и Испания барои бори чаҳорум барандаи Ҷоми Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо гардид. “Барселона” дар бозии ниҳоӣ, ки 28-уми май дар варзишгоҳи “Уэмбли”-и Лондон баргузор шуд, бар тими “Манчестер Юнайтед”-и Инглистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз омад. Голҳои тими ғолибро Педро Родригез дар дақиқаи 27, Лионел Месси ва Давид Вилля дар дақиқаҳои 54 ва 69 ба самар расониданд. Як голи инглисҳоро Вейн Руни дар дақиқаи 34 зад. “Барселона” бо Ҷом ва медалҳои тилло ва “Манчестер Юнайтед” бо медалҳои нуқра сарфароз шуданд. Ҷом ва медалҳоро ба футболбозону мураббиён Мишел Платинӣ, раиси Иттиҳоди федератсияҳои футболи Аврупо тақдим кард.
XS
SM
MD
LG