Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз созмонҳои ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқи башар Amnesty International (Авфи Байналмилал) 50-сола шуд.

Ин созмон, ки аз гурӯҳҳои фаъоли ҳомии ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон ба шумор меравад, ним аср пеш бо ташаббуси Питер Бененсон, як ҳуқуқдони бритониёӣ таъсис ёфт.

АНДЕШАИ ТАЪСИСи он баъд аз нашри мақолаи худи ӯ таҳти унвони “Зиндониёни фаромӯшшуда” ба сараш омад, ки дар бораи ду донишҷӯи португалӣ буд. Ин донишҷӯён дар замони диктатори золим Антонио Оливиера Салазар, барои озодӣ бода бардоштанд ва барои ин рафтори дар он замон хатарнок ба зиндон андохта шуданд.

Баъд аз нашри ин мақола дар соли 1961, созмони Amnesty International таъсис ёфт. Ин гурӯҳи мустақар дар Лондон, корашро бо чанд корманди довталаб шурӯъ кард ва ҳоло ба бузургтарин созмони ҳомии ҳуқуқ дар ҷаҳон табдил ёфтааст ва дар 150 кишвари дунё се миллион нафар пуштибон дорад. Авфи Байналмилал дар 68 кишвари дунё, аз Ӯзбакистон гирифта, то ба Уругвай дафтар боз кардааст ва буҷаи солонааш, ки 200 миллион долларро ташкил медиҳад, аслан аз ҳисоби ширкатҳо ва донорҳои алоҳида таъмин мешавад.

РАМЗИ МАЪРУФи Авфи Байналмилал, шамъи печида бо симхор аст, ки бо илҳом аз ин масал, “афрӯхтани шамъ беҳтар аз нафрин кардани торикист” сохта шудааст. Кори созмон ҳам нишон додани нақзи ҳуқуқи инсон дар саросари кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон аст. Саҳми ин созмон дар лағви эъломи мораторий ба ҳукми қатл дар Тоҷикистонро кам намедонанд. Кори Авфи Байналмилал дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, маҳбусони сиёсӣ ва дигар қурбониёни нақзи ҳуқуқ, бо гузашти вақти начандон зиёд қадрдонӣ шуд ва ин созмон дар соли 1977 сазовори Ҷоизаи мӯътабари Сулҳи Нобел гашт.

Авфи Байналмилал то кунун барои расидагӣ ба сарнавишти маҳбусон дар саросари ҷаҳон маъракаҳо раҳандозӣ мекунад. Ин созмон соли 2008 барои раҳоии Солеҳҷон Абдураҳмонов, як хабарнигори Радиои Озодӣ талоши зиёд кард, саҳми он барои ҳимояти ҳуқуқи Умеда Аҳмадова, аксбардори ӯзбак низ кам нест, ки ӯро барои аксҳояш дар бораи зиндагии воқеии ӯзбакҳо ба паст задани обрӯву эътибор муттаҳам карданд.

Созмони Авфи Байналмилал, дар соли 2004 барои ҳифзи ҳуқуқи як фаъоли сиёсии Туркманистон Қурбондурдӣ Дурдиқулиев садо баланд кард, ки ӯро барои дархости баргузор кардани тазоҳуроти осоиштаи сиёсӣ бемории рӯҳӣ эълом карда ва маҷбур ба бемористони рӯҳӣ андохтанд. Баъди талабҳои пайвастаи созмон ӯро соли 2006 раҳо карданд.

Дар робита ба ТОҶИКИСТОН, Авфи Байналмилал дар гузашта борҳо хостааст, то давлати кишвар ба хешовандони афроде, ки бо ҳукми додгоҳ қатл шудаанд, ҷасади онҳоро бидиҳад ва ё макони дафнашонро ба онҳо нишон диҳад. Соли гузашта, Авфи Байналмилал бо нашри гузориши хосе доир ба ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон навишт, хушунат алайҳи зан дар кишвар як расми маъмулист ва ҳукумати Тоҷикистон онро як кори хонаводагӣ медонад. Авфи Байналмилал аз давлати Тоҷикистон даъват кард, барои рафъи хушунату зӯроварӣ алайҳи занон талоши бештаре ба харҷ диҳад ва қонунеро, ки солҳо пеш ба хотири маҳви ин зуҳурот таҳия шудааст, қабул кунад.

Аммо номи созмон орӣ аз ХАБАРҲОИ МАНФӢ ҳам набудааст. Соли 2009 матбуоти Бритониё навишт, ки Ирен Хон, дабири кулли собиқи Афви Байналмилал баъди истеъфои расмӣ, 800 ҳазор доллар, чаҳор баробар бештар аз маоши солонааш ҳаққи кор гирифтааст.

Созмони Авфи Байналмилалро ҳамчунин гоҳ гоҳе барои бархӯрди яктарафа ба масоили ҳуқуқи инсон дар кишварҳои алоҳида интиқод кардаанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама, Авфи Байналмилал дар 50-умин солгарди таъсисаш бо андӯхтан аз гузашта ва эъломи барномаҳои ояндааш барои даҳ соли оянда панҷ бахшро аз авлавиятҳои кори худ эълом кард, ки маҳви камбизоатӣ то аз байн бурдани ҳукми қатл ҳам аз он авлавиятҳост.
XS
SM
MD
LG