Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи хунин ба қароргоҳи волии Тахор


Бино ба гузоришҳо генерал Муҳаммад Довуд низ дар миёни қурбониён будааст.

Бино ба гузоришҳо генерал Муҳаммад Довуд низ дар миёни қурбониён будааст.

Як бомбгузори маргталаб рӯзи шанбе бо ҳамла ба қарогоҳи волии вилояти Тахори Афғонистон дасти кам ҳафт нафарро куштааст. Ҳамла баъди як нишасти мақомот ба вуқӯъ пайвастааст ва се сарбози олмонӣ ва чаҳор маъмури амниятии афғон аз ҷумла генерал Муҳаммад Довуд Довуд фармондеҳи пулиси минтқавӣ дар шимоли Афғонистон кушта шуданд. Даёни Аҳмадӣ, хабарнигори бахши афғонии Радиои Озодӣ дар Тахор гуфт, маргталаб дар тан либоси пулиси афғонро доштааст ва ба бинои ҳукумат ворид шуда, сипас худро мунфаҷир кардааст. Волии Тахор дар ин ҳамла маҷрӯҳ шудааст. Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG