Пайвандҳои дастрасӣ

Як созмони итолиёӣ тарҳеро барои содироти маҳсулоти дастсохти Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупо рӯи даст гирифтааст.

Созмони башардӯстонаи «Cesvi»-и Итолиё дар ҳамдастӣ бо Маркази фарҳангии «Бактрия» ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон, конфронсеро таҳти унвони «Тиҷорати одилона» ва ба дунболи он намоишгоҳи ҳунарҳои миллиро дар Душанбе баргузор кард.

МУАРРИФИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ

Давид Коста, намояндаи «Cesvi» ва мудири тарҳи «Ҳунарҳои дастӣ ва тиҷорати одилона» мегӯяд, ҳадафи аслӣ, муаррифии маҳсулоти дастсохти косибони Тоҷикистон ба мардуми Аврупо аст: «Мо мекӯшем маҳсули дастони ҳунармандони
Давид Коста, намояндаи ширкати "Cesvi"

тоҷикро ба бозорҳои Аврупо тариқи тиҷорати одилона барои фурӯш барорем. Мо мехоҳем даромади истеҳсолкунандагон афзоиш ёбад, то онҳо дар навбати худ сифати маҳсулоташонро боло бурда, ба талаботи бозорҳои Аврупо мувофиқ кунанд».

Оқои Коста афзуд, ба хотири баргузории ин тарҳ, аз гӯшаву канори Тоҷикистон 100 нафар ба конфронси «Тиҷорати одилона» ва 50 ҳунарманд бо маҳсулоти худ ба намоишгоҳ гирд оварда шуданд. Дар намоишгоҳ маҳсули дастони ҳунармандони Душанбе, Суғду Бадахшон, Рашту Хатлон ва дигар навоҳии Тоҷикистон ба намоиш ва ҳам фурӯш гузошта шудааст.



Галина Юнусова, аз Маркази фарҳангии «Бактрия», ки ташкили намоишгоҳро ба зимма дорад, мегӯяд, солҳои пеш миёни ҳунармандони Тоҷикистон фикр пайдо шуда буд, ки ҳунарҳои миллии тоҷикӣ харидор надоранд, аз ин хотир, мемиранд.

Вай афзуд, ҳоло баръакс ҳунарҳои тоҷикӣ аз собиқа бештар қадру қимат пайдо кардаанд: «Ҳоло аксари мардуми ҷаҳон аз синтетикаву амволи кимиёӣ даст мекашанд ва либосу моли табиӣ, гарм ва зиндаро суроғ мекунанд. Аз сӯи дигар, ин тавлидоте, ки мебинем, маҳсули дасти як
Галина Юнусова

инсон аст, ки барои сохтанаш пораҳаке аз дилашро об кардааст. Дар Ғарби саноатӣ ин намуди ҳунарҳоро қадр мекунанд. Ҳарчӣ набошад барои онҳо ин аҷиб аст. Мо як кишвари барои Аврупо экзотикӣ ҳастем. Шарқ барои Аврупо ҳамеша мармузу пурасрор буд. Ин қолинҳои зинда, марворид, дастдӯзиву сангҳову ғайраву ҳоказо, ба назарам, кишвари моро мусбат муаррифӣ мекунанд».

ҲУНАРИ МИЛЛӢ ХАРИДОР ПАЙДО КАРД

Хонум Юнусова афзуд, бар асоси омӯзишҳои Маркази фарҳангии «Бактрия», ҳунарҳои миллии тоҷикӣ аз ин ба баъд рушд мекунанд, зеро бозор пайдо хоҳанд кард.

Наргис Оймуҳаммадова, як лухтакбоф мегӯяд, бо пешааш рӯзгорашро таъмин мекунад ва аз он дил канда наметавонад. Вай афзуд, роҳ ёфтани маҳсули дастонаш ба кишварҳои хориҷӣ ӯро рӯҳбаланд кардааст. Наргис мегӯяд, ҳоло асосан бо фармоиши хориҷиён кор мекунад: «Як зани хориҷӣ аз ман хост, ки қиссаи мавлуди Ҳазрати Исоро тасвир кунам. Чӣ тавр Ҳазрати Марям таваллуд мекунад ва Худованд ба фариштаҳо мефармояд, то рафта Исоро бубинанд. Ин қиссаро ман бо лӯхтакҳо тасвир кардам».



Наргис мегӯяд, тасвири таваллуди Ҳазрати Исо бори саввум аст, ки аз сӯи хориҷиён фармоиш дода мешавад ва ӯ онро дар давоми ду рӯз ба анҷом расонида, 200 сомонӣ музд мегирад.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин сӯзаниву гилем, қолину либосҳои пашмӣ, асбобҳои мусиқӣ, зарфҳои сафолӣ ва дигар маҳсулоти дастсохт ба мизоҷону харидорон пешниҳод шудаанд.

ҲУНАРИ ДАСТИИ ТОҶИКӢ БА АВРУПО МЕРАВАД

Давид Коста, намояндаи «Cesvi» ва мудири тарҳи «Ҳунарҳои дастӣ ва тиҷорати одилона» мегӯяд, ба ояндаи ин тарҳ боварии калон дорад, зеро моле, ки ҳунармандони тоҷик тавлид мекунанд, воқеан барои Аврупо ҳам арзон ва ҳам аҷиб хоҳад буд.

«Cesvi» яке аз бузургтарин созмонҳои башардӯстонаи Итолиё аст, ки соли 1985 ба фаъолият шурӯъ карда, ҳоло дар 30 кишвари дунё намояндагӣ дорад. Сарпарастонаш афроди алоҳида, Иттиҳодия Аврупо, вазорати корҳои хориҷии Италия, СММ ва дигар созмону ширкатҳо мебошанд. Асосан бо тақсими маводи ғизоӣ, бахши тандурустӣ, расидагӣ ба умури фирориён, машғул аст.

Намоишгоҳи баҳории ҳунарҳо, ки то бегоҳи рӯзи 29 май идома хоҳад кард, тарҳи аввалини «Cesvi» дар Тоҷикистон аст. Тамоми хароҷоти роҳу будубоши ҳунармандони Тоҷикистонро ин созмон ба зимма гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG