Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Обама аз Русия барои таъсиси сипари дифоъӣ


Лаҳистон яке аз шарикони наздики Амрико дар Аврупои Шарқӣ маҳсуб мешавад.

Лаҳистон яке аз шарикони наздики Амрико дар Аврупои Шарқӣ маҳсуб мешавад.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико имрӯз аз Русия даъват кард, дар барномаи истиқрори сипари дифоъӣ дар Аврупо ширкат кунад. Дар мулоқот бо Бронислав Коморовскӣ, раиси ҷумҳури Лаҳистон ӯ гуфт: " Ба эътиқоди мо, сипари дифоъи мушакӣ, барномаест, ки мо бояд дар он бо русҳо ҳамкорӣ кунем, зеро мо таҳдидҳои амниятии муштарак дорем ва ин сипар хатаре ба тавозуни стротегӣ, ки Русия аз он нигарон аст, нахоҳад буд." Раҳбарони Амрико ва Лаҳистон ҳамчунин масоили амниятӣ ва демократияро баррасӣ карданд ва қарор буд, дар бораи ҷойгир кардани чанде аз ҳавопаймоҳои ҷангии Ф 16 Амрико дар як пойгоҳи Лаҳистонрол cӯҳбат кунанд. Барак Обама, ки тайи сафари шашрӯзааш дар Аврупо ба Ирландия, Бритониё ва Фаронса боздид кард, шоми имрӯз ба Вашингтон бармегардад.
XS
SM
MD
LG