Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастёри Хоманаӣ Маҳмуди Аҳмадинажодро интиқод кард


Ҳуҷҷатулислом Алӣ Саидӣ, як дастёри Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Эрон мегӯяд, раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажодро баъзе аз “унсурҳои фосид” иҳота кардаанд. Хабаргузории Меҳр бо нашри ин хабар аз қавли Алӣ Саидӣ навиштааст :”ҳукумати феълӣ ба мизони азиме сироят шудааст ва ба он унсурҳои фосид роҳ ёфтаанд.” Алӣ Саидӣ аз ин унсурҳо ном набурда, вале аз онҳо хостааст, ба гуфтаи ӯ “ба роҳи рост баргарданд”. Алӣ Саидӣ ҳамчунин амалкарди Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эронро интиқод кард, ки охири моҳи апрел ба нишони эътироз бар тасмими Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ барои барқарории Ҳайдар Муслиҳӣ ба мақоми вазири иттилоъот, даҳ рӯз ба кор набаромад. Алӣ Саидӣ гуфт, “мардум ва рӯҳониён аз Маҳмуди Аҳмадинажод интизор доранд, ки вафодориаш ба раҳбари муаззамро нишон дода ва дастуру иродаи ӯро бипазирад ва ахм накунад ва дар хона бимонад.”
XS
SM
MD
LG