Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои НАТО ба маҳалли қароргоҳи Қаззофӣ


Ҳавопаймоҳои Либия панҷ рӯз аст, ки пайи ҳам таъсисоти мутаалиқ ба Қаззофиро дар шаҳри Троблус ҳадаф мегиранд.
Ҳавопаймоҳои Либия панҷ рӯз аст, ки пайи ҳам таъсисоти мутаалиқ ба Қаззофиро дар шаҳри Троблус ҳадаф мегиранд.
Ҳавопаймоҳои НАТО имрӯз ба як ноҳияе дар шаҳри Троблус ҳамла карданд, ки қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ дар онҷост. Хабаргузории “Франс Пресс”, аз қавли як манбаъи худ дар НАТО навиштааст, ки субҳи имрӯз ба маҳалле наздик ба қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ бомб андохтаанд. Бино ба гузоришҳо, бомбҳо ба бошгоҳҳои низомӣ ва начандон дур аз қароргоҳи Қаззофӣ хӯрдаанд. Рӯзи ҷумъа, дар нишасти сарони кишварҳои гурӯҳи Ҷи 8 Русия низ бо ҳамраъйӣ бо қудратҳои ғарбӣ аз Муаммар Қаззофӣ хост, аз қудрат биравад. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия гуфт, Қаззофӣ, ки беш аз 43 сол аст дар Либия ҳукумат мекунад, дигар ҳаққи раҳбарии ин кишварро надорад.
XS
SM
MD
LG