Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ғайримуқаррарии додгоҳи Хуҷанд алайҳи ...


Дар як ҳаракати ғайримуқаррарӣ, додгоҳе дар шаҳри Хуҷанд, даъвои як донишҷӯ алайҳи Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ҳукумати шаҳрро қонунӣ дониста ва ба мақомоти расмӣ амр додааст, хостаи ӯро иҷро кунанд. Абдуазиз Иброҳимов, донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд, аз ниҳоди мазкур хостааст, натиҷаҳои таҳқиқоти таъсироти корхонаи спиртсозии шаҳр ба муҳити зистро дар ихтиёри ӯ қарор диҳанд, аммо посухи рад гирифтааст. Хабаргузории Азия Плюс мегӯяд, додгоҳи Хуҷанд, даъвои донишҷӯро қонунӣ дониста ва ба Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дастур додааст, иттилоъоти лозимро ба ӯ диҳанд ва хароҷоти Абдуазиз Иброҳимовро низ пардозад. Дар Тоҷикистон қазияҳои додгоҳӣ умдатан ба нафъи мақомоти давлатӣ ҳал мешаванд.
XS
SM
MD
LG