Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия содироти ғалладонаро аз сар мегирад


Давлати Русия гуфт, баъди тақрибан як соли мамнӯъият, содироти ғалладонаро аз якуми июл лағв мекунад. Хушксолӣ ва камҳосилӣ дар моҳи августи соли гузашта, Русияро маҷбур кард, фурӯши гандумро ба хориҷ мамнӯъ кунад. Қарор буд, фурӯши гандуми Русия моҳи декабр аз навъ шурӯъ шавад, аммо аз тарси камии захираи дохилӣ ин қарорро ба таъхир андохтанд. Ин хабарро дафтари нахуствазири Русия нашр кардааст.
XS
SM
MD
LG