Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар майдони Олимтойи Тоҷикистон нафт кашф кардаанд


Ширкати Тетис Петролиум, ки дар Тоҷикистон ба корҳои иктишофӣ дар майдонҳои нафту газ машғул аст, эълом кард, ки дар яке аз чоҳҳояш нафт пайдо кардааст. Ба гуфтаи ширкат, зимни ковиш аз як чоҳи Олимтойи шарқӣ дар минтақаи Кӯлоб нафт бо шиддати миёнае хориҷ шудааст ва фишори газ хориҷшуда ҳам 33 дар садро ташкил медиҳад. Тетис Петролиум, ки дар Канада сабти ном шудааст, начандон пеш ба иктишофи майдонҳои нафту газ дар Тоҷикистон шурӯъ кард, ки ҳоло саъй дорад, аз захираҳои дохилӣ худро бо маводи сӯхт таъмин кунад.
XS
SM
MD
LG