Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузории хунин дар як ресторане дар Покистон


Бар асари як таркиши як бомбӣ қавӣ дар дохили ресторане дар як минтақаи қабоилнишини Покистон дасти кам панҷ мард кушта ва 10 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи Исрор Хон, як мақоми расмии ноҳияи Солорзай дар минтақаи Баҷур дар шимолуғарби Покистон, ду нафар аз қабиласолорони тарафдори ҳукумат дар ин бомбгузорӣ кушта шудаанд. Масъулияти ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст вале Толибони Покистон дар гузашта, қабиласолорони мухолиф ба онҳоро мекуштанд.
XS
SM
MD
LG