Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати ноҳияи Қубодиён дар пайи таҳқиқи маъракаи даъвати ҷавонон ба артиш, мавориди нобаробарӣ ва тақаллубро ошкор кардааст.

Муҳимтарин хулосаи таҳқиқоти мазкур ин будааст, ки 70 дарсади наваскарони қубодиёниро фарзандони хонаводаҳои узбактабор ва камтар аз 30 дарсади онҳоро ҷавонони тоҷик ташкил медодаанд.

НОБАРОБАРӢ ДАР ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

Абдулмӯъмин Улфатов, раиси ноҳияи Қубодиён, бо изҳори нигаронӣ аз ин арқом гуфт, ба масъулони комиссияи даъват дастур додааст, то аз ҳама гуна нобаробарӣ ва ба истилоҳ, «шиносбозию даъвати ҷавонони «бепуштупаноҳ» ба артиши миллӣ ҷилавгирӣ кунанд: «Агар имрӯз 50 фоизи аҳолии ноҳияи Қубодиёнро тоҷикон ташкил диҳанд, 50 дарсади дигари сокинони ноҳия аз узбекзабонҳо, туркманҳо ва дигар миллатҳо иборат ҳастанд. Аммо чаро намояндагони ақаллиятҳои миллӣ 70 фоизи наваскаронро ташкил медиҳанду тоҷикзабонҳо ҳамагӣ 30%? Чаро чунин аст? Мо ин рақамҳоро аз ҳаво намегӯем,
Абдулмӯъмин Улфатов, раиси ноҳияи Қубодиён

ин ҳама ҳисобу китоби дақиқ аст, аз ҳаво наомадааст. Бо тамоми масъулият мегӯям, ки ҳамин хел вазъият ҳаст ва бояд тарзе корбарӣ кунем, ки норозигӣ дар миёни мардум пайдо нашавад. Ягон одам гуфта натавонад, ки барои чӣ бачаи «бесоҳиб»-ро ба армия бурданду дигаронашро не. Ҳангоми даъват ба артиш, авлавият ба миллату мазҳабу дигар чизҳо бояд дода нашавад, ҳама баробаранд…»

Вай афзуд, то поёни маъракаи даъвати баҳории наваскарон рӯзҳои башумор боқӣ монда, дар сурати таъмин нашудани баробарӣ ва минбаъд кашфи тақаллубкорӣ дар сафарбарии ҷавонони ноҳия ба нерӯҳои мусаллаҳ, ин ҳама далелҳо ба додситонӣ ва додгоҳ ирсол хоҳад шуд.

ТАБЪЙИЗИ АҚАЛЛИЯТОИ МИЛЛӢ?

Дар ҳамин ҳол, сокинони ҷавони узбактабори ноҳия ҳам ишора мекунанд, ки мақомоти маҳаллӣ на дар ҳама маврид аз ҳуқуқ ва манофеъи онҳо пуштибонӣ намуда, мансубияти миллии онҳо дар ҳалли баъзе мушкилашон ҳам монеа эҷод мекардааст. Аммо, аксарият, аз сӯҳбати рӯ ба микрофон дар ин мавзӯъ худдорӣ меварзанд.

Мукаррама Эгамназарова, роҳбари созмони «Занони деҳот» аз ноҳияи Қубодиён, мегӯяд, дар таҷрибаи чандсолаи кори ҷамъиятиаш шоҳиди даҳҳо мавриди бархӯрди ғайриахлоқии ходимони давлатии ноҳия ба ақаллиятҳои миллӣ шудааст: «Ин хел муносибат дар ҳар сари қадам
Мукаррама Эгамназарова, коршиноси маҳаллӣ

мушоҳида карда мешавад. Як мисол меорам: Чанде пеш дар хоҷагии деҳқоние, ки он ҷо саҳмдорон асосан мардуми узбекзабон ҳастанд, тренинг гузарониданӣ шудем. Бо назардошти ин, маводҳои тақсимотии худро ба забони узбекӣ ҳам омода кардем. Аммо раиси ҷамоат, ки шояд аз фарҳангу одоби муошират дур буд, бо қаҳр таъкид кард, ки «ба узбакӣ мавод тақсим накунед, монед, ки зӯр зада тоҷикиро ёд бигиранд!» Хуллас, бисёр мебинем чунин бархӯрди нодуруст ва чунин мушкилро. Аммо, мутаассифона, ошкоро дар ин бора гуфта наметавонем…»

" УЗБАКҲО МАКТАБИ ТОҶИКӢ МЕХОНАНД"


Малика Отахонова, як сокини узбактабори вилояти Хатлон, мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки ҷавонони узбак барои такмили донишҳои худ дар донишгоҳҳо шароит надоранд ва ягона чораи пас аз хатми мактабҳои миёна барои онҳо пайвастан ба сафи артиши кишвар боқӣ мемонад, вай писарашро ҳидоят кардааст, то дар мактаби тоҷикӣ таҳсил намояд: «Дар Тоҷикистон, ки забони давлатиаш тоҷикӣ ҳаст, забони таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо асосан тоҷикӣ мебошад. Аз ин рӯ, «кӯдакони мо дар оянда азоб накашанд» гуфта, ба мактаби тоҷикӣ медиҳем. Мо ҳам мехоҳем, ки онҳо дар мактаби олӣ таҳсил кунанд, нафақат баъд аз мактаби миёна маҷбуракӣ ба армия фиристода шаванд. Ҳоло мушкил ин аст, ки агар камтар гапат ба лаҳни узбекӣ равад, ҳатто то гӯштфурӯшони бозор таҳқират мекунанд, паст мезананд. Аз ин рӯ, намехоҳам, ки оянда кӯдакони моро ҳам таҳқир кунанд. Мо, ки аз азал бо тоҷикон якҷо зиндагӣ мекунем, оилаҳои омехта барпо мекунем, набояд миллатчигӣ ва нобаробарӣ дар миёни мо вуҷуд дошта бошад…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони комиссариати ҳарбии ноҳияи Қубодиён иқрор мекунанд, ки воқеан, шумораи ҷавонони даъватшуда ба артиш аз ҳисоби узбактаборон бамаротиб бештар мебошад.

ОМИЛҲО ЧУНИН ТАБЪЙИЗ ЧИСТ?

Як манбаъ аз комиссариати ҳарбии мазкур, ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, ин чанд омил дорад; нахуст ин ки Қубодиён ноҳияи ҳамсарҳад бо Узбакистон аст ва шумораи аҳолии узбакзабон дар ин ҷо зиёд мебошад. Сабаби дигар ин будааст, ки аксар ҷавонони тоҷики ноҳия пас аз хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил шомили донишгоҳҳо шуда, аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани замони хизмати низомӣ бархӯрдор ҳастанд. Ва иллати саввум ва шояд аслӣ - дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар қарор доштани шумораи қобили мулоҳизаи сокинони ҷавони ноҳия будааст.

Ҳоло дар қаламрави вилояти Хатлон садҳо ҳазор нафар узбактаборон зиндагӣ мекунанд, ки аксарияташон ҷавон ҳастанд. Вале ба сабаби надонистани забони тоҷикӣ ё надоштани шароити молиявӣ, танҳо шумораи маҳдуди ин ҷавонон таҳсили худро дар донишгоҳҳо идома дода метавонанд. Зимнан, бахши аъзами онҳо ё расман бекор ҳастанду танҳо ба умури кишоварзӣ машғуланд, ё дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд. Аз ин рӯ, ба иддаои масъулони комиссариатҳои ҳарбӣ, шумораи аскарони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ҳисоби ин ҷавонони узбактабори бекор ҳам кам набудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG