Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми сафари ногаҳонии Ҳилларӣ Клинтон ба Покистон


Амрико гуфтааст, ки «баъзе покистониҳо» аз маҳали пинҳоншавии бин Лодин дар ин кишвар хабар доштанд.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷии ИМА, Амрико ва Покистон барои набард бо исломгароӣ ва шибҳинизомиён бояд бештар талош ва ҳамкорӣ кунанд".

Хонум Клинтон, ки барои дидори эъломнашуда дар Исломобод ба сар мебарад, бо ин ҳол бори дигар такрор кард, ки ҳеҷ шавоҳид ва мадорике, ки далолат бар иттилои мақомоти аршади Покистон аз маҳали пинҳоншавии раҳбари гурӯҳи Ал-Қоида кунад, дар даст нест.

Пайдо шудани раҳбари гурӯҳи Ал-Қоида ва кушта шудани ӯ ба дасти нерӯҳои амрикоӣ дар хонае дар шаҳраки низомӣ дар 50 километри пойтахти Покистон, бори дигар ба шакк ва тардидҳое дар заминаи қобили эътимод будани давлати Покистон ва ҳамкории он бо Амрико доман задааст.

Ба дунболи ифшои амалиёт алайҳи Усома бин Лодин, иддае аз сенаторҳо ва намояндагони маҷлис дар Амрико хостори таҳқиқ дар заминаи нақши Покистон дар иртибот бо ӯ шуданд ва Барак Обама низ хостори таҳқиқоти Исломобод дар ин бора шуд.

Интиқодоти қонунгузорони амрикоӣ ба онҷо расид, ки ҳатто теъдоде аз онҳо эълом карданд, ки шояд замони қатъи кӯмакҳои миллиард доллларии Амрико ба Покистон фаро расида бошад.

Бо ин ҳол танҳо як рӯз пас аз эъломи ин хостаи раиси ҷумҳури Амрико, Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон иттиҳомҳо дар бораи кӯмаки ин кишвар ба махфӣ шудани раҳбари Ал-Қоидаро радд кард ва ин иттиҳомотро хандаовар хонд.

Клинтон низ рӯзи ҷумъа таъкид кард, ки «Амрико ва Покистон барои куштан ё дастгирии бисёре аз террористҳо дар хоки Покистон бо якдигар ҳамкорӣ кардаанд».

Хонум Клинтон ва адмирал Муллен ҳини нишасти хабарӣ дар Исломобод
Хонум Клинтон пас аз он дар ин бора ба хабарнигорон сухан гуфт, ки бо иттифоқи Майк Муллен, раиси Ситоди муштараки Амрико бо олирутбатарин мақомот дар давлати Покистон, аз ҷумла раиси ҷумҳур ва нахуствазири ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Дар ҳамин замина хабаргузории Ройтерз аз қавли яке аз мақомоти ҳамроҳи хонум Клинтон мегӯяд, ки покистониҳо бо Амрико ҳамкорӣ кардаанд, аммо «ҳанӯз воқеан дарк накардаанд, ки барои муҳофизат аз худ ва ҳифозат аз манофеи мо бояд чӣ қадар бештар талош кунанд».

Давлати Покистон аз марги Усома бин Лодин пас аз 10 сол аз воқеаи 11-и сентябр истиқбол кард, аммо ҳамзамон аз ин, ки Амрико бидуни иттилоъ додан ба мақомоти ин кишвар дар хоки Покистон даст ба амалиёти махфӣ задааст, ба хашм омад.
XS
SM
MD
LG