Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости таҳқиқи нооромиҳои Гурҷистон


Гурӯҳи байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар Афви Байналмилал (Amnesty International) аз Гурҷистон даъват кардааст, ки хушунатҳои рӯзи панҷшанберо мавриди таҳқиқ қарор диҳад. Афви байналмилал мегӯяд, полис эътирозгарони осоиштаро латту кӯб намуда, ба тарафи рӯзноманигорону шоҳидони гирдиҳамоиҳои эътирозӣ тири резинӣ ва гази ашковар партоб кардааст. Тахминан 90 кас боздошт шудаанд.
Рӯзи ҷумъа Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо изҳороте пахш намуда, таъкид кардааст, ки афсарони полис камаш 10 рӯзноманигорро бо суханони қабеҳ ва латту кӯб пешвоз гирифтаанд. Баъзе рӯзноманигорон боздошт шуданд, рӯзноманигорони дигарро аз корти хабарнигорӣ маҳрум кардаанду таҷҳизоти онҳо мусодира шудааст.
Президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ мегӯяд, ки эътирозҳои рӯзи панҷшанбе эҳтимолан аз тарафи Русия маблағгузорӣ шуда буданду мақсад аз он ноором кардани Гурҷистон буд.
XS
SM
MD
LG