Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳарчанд "Рӯзи ҷавонон" расман анҷом ёфта бошад ҳам, аммо барномаҳои бахшида ба ин рӯз то ба ҳол идома доранд.

Бо фарқ аз солҳои пеш, имсол барномаҳои Рӯзи ҷавонон то охирҳои моҳи май тӯл мекашад. Давоми се рӯз аст, ки дар мавзеҳои фароғатии Варзоб, барномаи «Пешвоён ё лидерони ҷавони ҲХДТ» дар доираи барномаҳои давлатии Рӯзи ҷавонон доир мегардад.

Кумитаи кор бо ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш мегӯяд, ки барои баргузории даҳаи ҷавонон, аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлатӣ ҳудуди 1 миллион сомонӣ сарф мешавад ва илова бар ин, сарпарастони инфиродӣ ҳам маблағгузорӣ мекунанд.

Абдураҳмон Хонов як масъули Кумитаи ҷавонон мегӯяд, ки барномаҳои Рӯзҳои ҷавонони асосан моҳияти тафреҳотӣ ва таблиғотӣ доранд, ки бештар ҷавононро ба сӯи ормонҳои ватандорӣ ва худшиносии миллӣ ва тарғиби сиёсати имрӯзаи ҳукумат даъват мекунад. Ҷаноби Хонов меафзояд, ки дар даҳаи ҷавонон имкони расидагӣ ба мушкилоти ҷавонон нест, аммо Кумитаи ҷавонон ҳамеша дар фаъолияти хеш мушкилот ва ҳаёти онҳоро пай мегирад: «Вазифаи ҷонии Кумита ҳал кардани мушкилоти ҷавонон аст, на як рӯзу ду рӯз. Аммо дар даҳаи ҷавонон барномаҳои таблиғотӣ ва фароғати пешниҳод мешаванд, зеро ин хусусияти ҷашнӣ дорад. Ҳадафи мо ҳам баланд бардоштани фарҳанги маънавӣ, сиёсӣ, худшиносӣ аст. Вале аст назарҳои интиқодӣ, ки дар ин рӯзҳо аз мушкилоти ҷавонон ёд намешавад, ҳол он, ки мо доимо аз пайи ин масоил ҳастем.»

Ҳар сол чун анъана Рӯзи ҷавонон бо намоишҳои консертӣ, тақдими ҷоизаҳо ба сарояндагони ҷавон ва тарғиби сиёсати ҳукумат сурат мегирад. Аммо ҷавонони фаъол имсол дар минбарҳои мухталиф назароти хешро нисбати даҳаи худашон, яъне Рӯзи ҷавонон баён доштанд.

ҶАШНЕ, КИ СОҲИБҶАШН НАДОРАД!

Абдуазими Абдуваҳҳоб, хабарнигор ва як ҷавони рӯшанфикр дар блоги худ аз сарнавишти ҳамсолони паҳну парешони худ нигоштааст, ки : «Ҷавонони Тоҷикистон дар ин рӯзҳо гӯё ҷашн доранд. Ҷашне, ки соҳибҷашн надорад! Яқинам, ки намепурсед, чаро соҳибҷашн надорад. Зеро медонед, ки писару додар, хоҳару бародар … эҳ, аксари ин насл ба чаҳор сӯ парешонанд. Бале, ин насли эътирозгари камбахти ман, ба чаҳор сӯи оламҳо парешон аст. Ҳам аз нигоҳи макон, ҳам аз нигоҳи ақида, ҳам аз нигоҳи арзишҳо… парешон гаштааст...»

«БЛОГ» -ҲАМРОЗИ ҶАВОНОН

Фирдавси Аъзам, як ҷавони андешаманди тоҷик дар блоги шахсии худ менависад, дар ин даҳа ба ҷузъ як шиор- "Рӯзи ҷавонон муборак", дигар ҷавонон дастгирӣ ё барномаеро надидаанд. Вале саҳфаҳои блогҳо дар ин рӯзҳо ҳамрози ҷавонони андешманд будааст ва то ҷойе ҳарфи дили худро болои он рехтаанд: «Бо баҳонаи Рӯзи ҷавонон, ҷавонони тоҷик дар саҳифаи блог ормон, дардҳо ва назарҳои худро навиштанд ва саҳифот барояшон ҳамроз ва ғамшарик шудааст. Бубинед дар кишваҳои пешрафта, фаъолияти ҷавонон ва дастгирии онҳо боиси рушди ҷомеаҳо гардидааст. Аммо, дар Тоҷикистон насли ҷавони мо ба мушкилоти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дучор аст, чигуна метавонад чунин рӯзро бо хурсандӣ ҷашн гиранд. Имрӯз ҷавонони мо ба Русия ва Ғарб мераванд, пас ин рӯз ба кӣ даркор аст. Ба ҳаёт ва хоҳишҳои ҷавонон таваҷҷӯҳ накардани ҳукумат хушоянд нест. Бубинед парлумони моро ҳама кадрҳои шӯравӣ ва нафақахӯрон «ишғол» кардаанд, ягон ҷавони фаъоли ғайриҳизбӣ ё соҳибназар нест, пас мо чигуна ифтихор кунем».

НАСЛИ ДАР ЗЕРИ БОРИ РӮЗГОР МОНДА

Солона ҳафтаи ҷавонон дар Тоҷикистон аз 13-уми май шурӯъ мешавад ва то 23-юми май идома меёёбад. Аз аҳолии 7 милионнафараи Тоҷикистон, 60 дарсадро ҷавонони то сини 30 сола ташкил мекунанд. Таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ ва кор танҳо ба як бахши ҷавонон насиб шудааст. Бахши умда дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд ва ба хонаводаҳои хуб пул мефиристанд.

Дар маҷмӯъ ҷавонони тоҷик, ҳатто онҳое, ки дар кишвар ба сар мебаранд, ба корҳои ҳизбиву ҷашну маъракаҳои марбут ба ҷавонон ҳавасмандӣ нишон намедиҳанд ва бештар дар зери бори мушкилоти иқтисодӣ қарор доранд. Ва солҳои охир шакл гирифтани мушкили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, багунае шонаи ҷавононро хам кардаву, талош мекунанд, ки роҳи фирор аз кишварро пеш гиранд.

РӮЗИ ҶАВОНОН Ё РӮЗИ РАҚСУ СУРУД ВА ШИОРПАРТОӢ?

Алоуддин Қосим, хабарнигори тоҷик мегӯяд, мутаассифона дастандаркорони даҳаи ҷавонон ба ҷои ёфтани роҳи ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии ин насл, ба рақсу суруд ва шиорпартоӣ маҳдуд мешаванд ва ин маъракаро барои тарғиби ҳизби ҳоким истифода мекунанд.

Ҷавонони тоҷик дар муқоиса бо ҳамсолони хориҷии худ мушкили фаровон доранд ва ба таври худҷӯш бузург мешаванд. Беҳбуди зиндагии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ аз даъватҳоеянд, ки бинобар такрори аз ҳад беш ва амалӣ нагаштан, хеле камранг шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG