Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Килюнен дифоъ мекунанд


Шӯрои ҳомиёни ҳуқуқи башари Қирғизистон изҳороте пахш намуда, кӯшишҳои Маҷлиси қонунгузори ин кишвар дар бораи инсони маҳрум аз ҳаққи вуруд ба Қирғизистон эълон намудани сиёсатмадори финландӣ Киммо Килюненро маҳкум кард. Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ парламент мебоист барои таҳияи посух ба натиҷагирии комиссияи зери раҳбарии Клиюнен вақти бештар мегирифт. Килюнен раҳбарии комиссияи байналмилалии таҳқиқи нооромиҳои июни гузашта дар Қирғизистонро бар дӯш дошта, ба ваҷҳи умум қирғизҳо ва раҳбарони онҳоро масъули хушунат номидааст.
XS
SM
MD
LG