Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, гуфт, афзоиши нархи маводи сӯхт ба ҳамаи риштаҳо таъсири номаталуб гузошт.

Дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди Тоҷикистон, ки дар он сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд, ҷаноби Раҳмон таъмини амнияти озуқа дар кишварро муҳим арзёбӣ кард ва аз ниҳодҳои байналмилалӣ даъват намуд, дар ҳалли мушкили пешомада ба ҷумҳурӣ кӯмак кунанд.
Бозори истеъмолии ҷумҳурии мо аз воридот вобастагӣ дорад, ба хусус маводи сӯхт ва ғалла...


Таъмини амнияти ғизоӣ аз мавзӯъҳои меҳварии Шӯрои миллии рушд, дар Тоҷикистон буд, ки паси дарҳои баста дар бӯстонсарои ҳукумати баргузор шуд.

ВОКУНИШ БА АФЗОИШИ НАРХҲО

Дар ин Шӯро раҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои хорҷиӣ, шарики Тоҷикистон, ширкат доштанд. Ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон ҳадаф аз баргузории ин Шӯро вазъи нигаронкунунади иқтисод ва иҷтимоъи Тоҷикистон дар робита ба боло рафтани нархи маводи сӯхт дар ҷумҳурӣ ва ба ин далел афзоиши нархи соири колоҳо дар бозори дохилӣ, ба хусус маводи ғизоӣ аст.

Ин болоравии қиматҳо ба шиддати таварруми сомонӣ мунҷар шудааст, ки ба гуфтаи раиси ҷумҳур дар ҳоли ҳозир беш аз 6 дар садро ташкил медиҳад.

Ҷаноби Раҳмон гуфт: «Баланд шудани нархи сӯзишвориву нуриҳои минералӣ ба нашъунамо ва ҳосилнокии ва ҷамъоварӣ таъсири манфӣ расондааст. Ҳоло ба сабаби баланд шудани нархи ҷаҳонии сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ зиёд шудани талабот ба маводи ғизоӣ ва сӯхт, масъалаи таъмини амнияти озуқа бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро ба проблемаҳои муҳимтарини рӯз табдил додааст. Чунки бозори истеъмолии ҷумҳурии мо аз воридот вобастагӣ дорад, ба хусус маводи сӯхт ва ғалла».

Ин суханон дар ҳоле гуфта мешаванд, ки ба ақидаи коршиносон Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир беш аз 77 дар сади маводи маврид ниёзи аввалия, назири рӯған, маҳсулоти ордӣ, қаннодӣ, гушту шир ва ғайраро аз хориҷи кишвар ворид мекунад ва ҳудуди 72 дар сади бозори сӯхти Тоҷикистон дар дасти ширкати «Газпромнафт» - и Русия аст.

ТАЪСИРИ БОҶИ СОДИРОТИИ РУСИЯ

Аммо раиси ҷумҳурӣ эъмоли боҷи давлатӣ дар содироти маводи сӯхт аз сӯи Русия ба Тоҷикистонро як падидаи номатлуб дар иқтисоди кишвар донист. Русия қавл дода буд, ки боҷи содироти маводи сӯхтро барои Тоҷикистон лағв мекунад. Вале ҳоло чунин ба назар мерасад, ки Русия аз қавлаш гаштааст. Ин ҳам ба таъкиди коршиносон мояи нигаронии ҷониби Тоҷикистон аст, зеро дар ҳошияи болоравии қимати маводи сӯхт, Тоҷикистон маҷбур шудааст, нархи роҳкиро дар нақлиётро низ боло барад, ки ин амр ба вазъи зиндагии мардум асари манфӣ хоҳад гузошт.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ раиси ҷумҳур ба манзури ҳалли мушкилоти марбут ба болоравии нархҳо ва таъсири хушксолии имсола хостори ҳамкорӣ ва кӯмаки созмонҳои байналмилалии шарики Тоҷикистон шудааст. Аммо ба гуфтаи Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик афзоиши нархҳо ба фазои макроиқтисодӣ таъсири амиқ дорад, вале аз усулу шеваҳои кам кардани ин таъсир истифода намешавад:

«Болоравии қимати маводи сӯхт ва омилҳои макроиқтисодӣ ҳалқаи як занҷиранд ва мо метавонем бо кам кардани андозҳои воридоти маводи сӯхт қимати онро то андозае коҳиш диҳем то ки ба фазои макро ва микро иқтисодии Тоҷикистон таъсири бештару нигаронкунанлда нарасонад.»

ЭҲТИМОЛИ ВУСЪАТИ ФАҚР

Ба таъкиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳадафи аслии Стратегияи рушди миллии Тоҷикистонро коҳиш додани мизони камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аст, ки то соли 2012 ба 40 дар сад расонад шавад. Вале ба гуфтаи президент болоравии қимати маводи сӯхту ғизо дар бозори ҷаҳонӣ метавонад дар ҳалли ин мушкил дар Тоҷикистон монеа эъҷод кунад. Давлатмурод Ҷумаев, иқтисоддони тоҷик низ ба ҳамин назар аст.

Ба гуфтаи ҷаноби Ҷумъаев дар шароити феълӣ коҳиши камбизоатӣ баъид ба назар мерасад. Вай афзуд: «дар сурате, ки нархҳо боло меравад, мо наметавонем, мизони камбизоатиро коҳиш бидиҳем. Зеро ин омил ба рушди иқтисод бастагӣ дорад. То замоне, ки қдимати колоҳо пойин наояд, камбизоатӣ низ кам нахоҳад шуд.»

Бо ин ҳама раиси ҷумҳур дар нишасти Шӯрои миллии рушд ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, дар иҷрои тарҳҳои стратегии ин кишвар, аз ҷумла таъмиру сохтмони роҳҳо ва лоиҳаҳои энержӣ таъкид кард ва фаъолияти бахши хусусиро дар тавсеаи иқтисодӣ муҳим хонд ва гуфт, ки давлат аз бахши хусусӣ пуштибонӣ карда барои пешрафти ин соҳа дар қонунҳои Тоҷикистон таҷдиди назар хоҳад кард, то фазои сармоягузорӣ мусоид шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG