Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи қотилони рӯзноманигор дар Қазоқистон


Рӯзи ҷумъа дар Алмаатои Қазоқистон муҳокимаи пешакии се шахси муттаҳам бо куштори рӯзноманигор оғоз ёфт. Ба ақидаи додситонӣ 16-уми декабри соли 2009-ум афроди муттаҳам рӯзноманигори русзабони қирғизистонӣ Геннадий Павлюкро бо дасту пои баста аз болои боми бинои баландошёна ба замин ҳаво додаанд. Павлюки 51-сола баъди шаш рӯз ин ҳодиса дар шифохона ба ҳалокат расид. Ду муттаҳам шаҳрванди Қазоқистон ва яке қирғиз аст. Пешбинӣ мешавад, ки худи муҳокима 6-уми июн оғоз хоҳад ёфт. Хешовандон ва ҳамкорони Павлюк мегӯянд, ки куштор ҳадафҳои сиёсӣ дар пай дошт. Аммо муфаттишони қазоқ бар ин назаранд, ки куштори ҷинояти маишӣ буда, бо сиёсат иртиботе надорад. Павлюк дар Қирғизистон бо лақаби Рустам Иброҳимбек маъруф буд. Ӯ дар рӯзномаҳои русзабони қирғиз “Вечерний Бишкек” ва ҳафтаномаи русии “Аргументи и факти” ифои вазифа мекард.
XS
SM
MD
LG