Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Писари Ратко Младич мегӯяд, падараш бемор аст


Писари Ратко Младич мегӯяд, падараш дар тӯли солҳои гурез аз ҷавобгарӣ ду сактаро пушти сар намудааст. Ӯ меафзояд, ки як дасти Ратко Младич ба душворӣ ҳаракат мекунаду падараш ба душворӣ ҳарф мезанад. Рӯзи ҷумъа дар зиндони Белград Дарко Младич бо падараш вохӯрд. Ратко Младич баъди 16 соли фирор рӯзи панҷшанбе дар яке аз деҳаҳои шимоли Белград ба ҳабс гирифта шудааст ва ҳоло додгоҳ имкони истирдоди ӯ ба додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҳарбӣ воқеъ дар шаҳри Ҳайг ва ё Гаагаи Ҳолландро барасӣ мекунад. Ратко Младич бо табаҳкориҳои ҳарбӣ ва ҷиноят бар зидди инсоният дар солҳои 1992-1995 муттаҳам мешавад. Ба қавли додситонҳои СММ аз ҷумла моҳи июли соли 1995 Младич мустақиман фармони қатли оми наздик ба ҳашт ҳазор марду писари мусулмон дар минтақаи Сребренитсаи Боснияро содир кардааст.
XS
SM
MD
LG