Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як медали Дилшод Назаров дар Бразилия


Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии силсилаи "IAAF World Hammer Throw Chellenge" дар Бразилия боз як медали нуқра ба даст овард.

Ин дафъа вай дар шаҳри Рио-де-Жанейро гурзро ба дурии 76 метру 18 сантиметр ҳаво дод ва мақоми дуввумро касб кард.

Ин натиҷаи нишондодаи ӯ нисбат ба ғолиби мусобиқа Кибве Ҷонсони амрикоӣ 1 метру 24 сантиметр камтар аст.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров нахуст дар шаҳри Уберландия гурзро ба дурии 77 метру 41 сантиметр ҳаво дод ва соҳиби медали нуқра гардид. Кибве Ҷонсони амрикоӣ бо натиҷаи 80 метру 09 сантиметр дар ҷои аввал қарор гирифт.

Баъдан Дилшод Назаров дар шаҳри Сан-Паулуи Бразилия бо натиҷаи 75 метру 78 сантиметр боз ҳам дуввум шуд. Дар ин мусобиқа низ Кибве Ҷонсон бо натиҷаи 75 метру 97 сантиметр ғолиб гардид.

Бояд тазаккур дод, ки Дилшод Назаров дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон гаштааст. Ӯ дар мусобиқаи байналмилалии “Гран-прии тиллоӣ”-и Seiko дар шаҳри Кавасакии Ҷопон гурзро ба дурии 76 метру 52 сантиметр ҳаво дода, соҳиби медали биринҷӣ ва роҳхати олимпӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG