Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нуқтаи чархиш" дар равобити Покистону ИМА


Pakistan -- US Secretary of State Hillary Clinton is watched by Chairman of the US Joint Chiefs of Staff, Admiral Mike Mullen as she speaks during a news conference at the US embassy in Islamabad, 27May2011
Pakistan -- US Secretary of State Hillary Clinton is watched by Chairman of the US Joint Chiefs of Staff, Admiral Mike Mullen as she speaks during a news conference at the US embassy in Islamabad, 27May2011
Дар ҷараёни зиёрат аз Покистон котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки равобити миёни Вашингтону Исломобод “нуқтаи чархиш”-ро аз сар мегузаронад. Баъди маҳви пешвои шабакаи террористии ал-Қоида Усома бин Лодин дар хоки Покистон равобити миёни ду кишвар ба сардӣ гаравидааст. Рӯзи ҷумъа дар Исломобод баъди мулоқот бо раҳбарони Покистон хонум Клинтон гуфт:
Имрӯз мо ҳамкории муфасалтар ба хотири барҳам задану аз хоки Покистон ва минтақа берун кашидани ал-Қоидаро арзёбӣ кардем. Мо саҳми худро мегузорем ва интизор дорем, ки рӯзҳои оянда ҳукумати Покистон ҳам иқдомҳом муҳим раҳандозӣ мекунад.”
Хонум Клинтон такрор кард, то кунун ҳеҷ шаҳодате дастрас нашудааст, ки кадом яке аз мақомҳои баландпояи Покистон дар бораи паноҳгоҳи Усома бин Лодин дар наздикиҳои пойтахти Покистон иттилоъ дошт.
Усома бин Лодин 2-уми май аснои амалиёти нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳри Абботободи Покистон, воқеъ дар 50–километрии Исломобод ба қатл расидааст.
XS
SM
MD
LG