Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи ҳарбӣ дар Муғулистони дохилии Чин


Мақомоти Чин равуо ба бахши шимолии вилояти Муғулистони дохилии ин кишварро манъ кардаанд.Сокинони он мегӯянд, мақомот қонуни ҳарбӣ ҷорӣ намуда, мехоҳанд эътирози панҷрӯзаи муғулҳоро хомӯш кунанд. Эътирозҳои муғулҳои Чин баъди куштори як чупони муғулӣ бо номи Мерген бар асари садамаи мошини боркаш шурӯъ шуданд. Мақомот ду сарнишини мошини ангишткашро, ки аслан чинӣ будаанд, ба ҳабс гирифтаанд, вале тавре ба назар мерасад, муғулҳо аз он қонеъ нашуданд. Сокинони минтақаи Муғулистони дохилии Чин мегӯянд, рӯзи ҷумъа вазъи ҳарбӣ ҷорӣ шуд. Муғулистони дохилӣ тахминан 10 дар сади қаламрави Чинро ташкил дода, минтақаи таъминкунадаи ангишт ба ҳисоб меравад. Аз миёни 24 миллион аҳолии Муғулистони дохилии Чин шумораи муғулҳо ҳамагӣ 20 дар садро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG