Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муин Зайдуллозодаи тоҷик бо мижгонҳои дарози худ ба китоби рекордҳои Русия шомил шудааст.

На як ё ду, балки ҳама мижгонҳои ин кӯдаки тоҷик 3,5 сантиметр дарозӣ дошта, боз дар ҳоли сабзиш ё дарозшавӣ будаанд.
Аксарият аз мо мепурсанд, ки чӣ қадар маблағ гирифтед? Ба мо фақат диплом ва унвони "Ситораи тилоии рекордсмен" доданд. Барои мо ин муҳим нест, сиҳатии ӯ барои ҳамаи мо худ ҷоиза аст...


Сомонаи интернетии "Парӣ нуқта ру", ки чеҳраҳои ғайриоддӣ ва ҷолиби "Китоби рекордҳои Русия"- ро муаррифӣ мекунад, навиштааст, "акнун бояд ҳама хонумҳо ба Муини чаҳорсола ҳасад бубаранд."

Зеро доштани мижгони дарози зебову тобхӯрда чун нишони зебоии ҷинси латиф пазируфта шудааст ва орзуи ҳар як зан аст, ки мижгонҳои дароз дошта бошад.

Муин бо падараш Зайдулло Диловарзода
Ҳоло аксар занону духтарон барои доштани чунин мижаҳои зебо аз ороишоту асбобҳои мухталиф, ҳатто аз мижгонҳои сунъӣ ҳам истифода мекунанд.

Зайдуллои Диловарзода, падари Муин мегӯяд, фарзанди хурдсолаш дар кӯчахиёбонҳои Русия таваҷҷӯҳи бисёри раҳгузаронро ба худ ҷалб мекунад ва аксарият танҳо пас аз даст расондан ба мижаҳои ӯ бовар ҳосил мекунанд, ки мижгонҳои Муин сунъӣ не, балки табиианд.

Муин кӯдаке, ки бо мижгонҳои дарози худ дар Русия рекорд гузоштааст, ҳоло тарбиятгирандаи як кӯдакистони ин кишвар аст ва ба гуфтаи падараш, тифли хеле шӯху дӯстдори ҳаракоти Майкл Ҷексон аст. Ӯ аз мижгонҳои дарози худ шикоят надоштаву он барояш ҳеҷ халал ҳам намерасонидааст.



Падари ин кӯдаки чаҳорсолаи тоҷик, ки номаш ба китоби рекордҳои Русия шомил шудааст, дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт: "Муин аз рӯзи таввалуд ҳамин хел мижгони дароз дошт, сермӯй буд. Баъд аз он аз назари табибон гузаронидем. Духтурҳо ҳайрон шуда, моро ба назди генетикҳо равон карданд. Онҳо ташхис карда гуфтанд, ки ҳамааш хуб аст. Ҳар вақте, ки ба кӯча мебароем, ҳама ба ӯ нигоҳ мекунанд, баъзеҳо мегӯянд, ки шумо ё мижаи сунъӣ гузоштаед ё ягон кори дигар. Бовар намекарданд, аммо вақте аз наздик омада медиданд, ҳайрон мешуданду мегуфтанд, ки чаро ба китоби рекордҳо пешниҳод намекунед ӯро."

-Яъне пешниҳоди муроҷиат ба китоби рекордҳо идеяи худи мардуми рус буд?

Зайдулло: "Рости гап, бале, мо дар ин фикр ҳам набудем ва баъд тариқи интернет китоби рекордҳои Русияро тамошо кардем ва мо ҳам дар бораи Муин маълумот пешниҳод кардем. Онҳо ҷавоб доданд, ки ин барои мо хеле ҷолиб аст. Баъдан санадҳои заруриро ирсол доштем, навору акс фиристодем ва ӯро чун рекордсмени Русия қабул карданд. Баъд бо кӯмаки онҳо ҳуҷҷатҳоро ба "Китобҳои рекордҳои Гиннес" пешниҳод кардем, аз он ҷо посух омад, ки як амрикоӣ дар соли 2007 ё 2008 ба онҳо муроҷиат кардааст, ки як мижааш 6 сантиметр будааст. Вале ҳамагӣ 1 мижааш. Ҳоло номаълум. Ростӣ, як духтари 11 солаам ҳам мисли Муин мижгондароз аст."

-Мижгону абрӯи дарози Муин ирсӣ аст?

Зайдулло: "Аввал ин кори Худо, аммо дар хонаводаи мо, аксарият мижгондарозанд, аммо то ҳол касе мисли мижгонҳои Муин мижгонҳои дароз надошт. Баъд аз сабт шудани номи Муин дар "Китоби рекордҳои Русия" расонаҳои ин кишвар ба ӯ таваҷҷуҳ кардаву ба хонаамон меомаданд. Аз маҷаллаи Малахов як пешниҳод гирифтем, пас аз он аз телевизиони "НТВ" омада сабт карданд. Ба наздикӣ аз телевизиони Маскав омаданд ва бояд ин барнома рӯзи 3-юми июн намоиш дода шавад."

-Худи писарчаатон ба ин ҳама таваҷҷӯҳҳо чӣ мегӯяд, шикоят надорад аз мижаҳои дарозаш?

Зайдулло: "Не, баъзеҳо мепурсанд, ки ин мижгонҳо барои ӯ вазнинӣ намекунанд. Вале ҳамааш хуб аст. Мо бо ӯ ифтихор мекунем."

-Агар махфӣ нест, гӯед, ки пас аз шомил шудан ба "Китоби рекордҳои Русия" ба Муин чӣ тақдим шуд...

Зайдулло: "Аксарият аз мо ҳаминро мепурсанд, ки чӣ қадар маблағ гирифтед? Ба мо фақат диплом ва унвони "Ситораи тилоии рекордсмен" доданд. Барои мо ин муҳим нест, сиҳатии ӯ барои ҳамаи мо худ ҷоиза аст."

Зайдулло Диловарзода, ки беш аз ду даҳсола аст дар Руссия кору зиндагӣ дорад, дар ин кишвар ба тиҷорат машғул аст ва Муин фарзанди чаҳоруми ӯ будааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG