Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро тоҷик имрӯз эътиборе надорад?


Салом ба Шумо кормандони Радиои Озодӣ ва бародарону хоҳарони тоҷик.

Банда як донишҷӯи тоҷик ҳастам, ки дар Русия мехонам ва ҳамарӯза бо ҳамватанонам вомехӯрам, ваъзияти бади эшон, беҳуқуқиву беқадрии онҳо ҳаргиз наметавонад маро хомӯш гузорад. Бо вуҷуди он ки чандин мартаба аз ҷониби мақомот ҳушдорҳо гирифтаам, вале қасам ба Худо мехӯрам, ки то он замоне зинда ҳастам, аз гуфтани ҳақ даст нахоҳам кашид.
Бузургтарин мушкили мо ин қавмгароӣ ва маҳалгароии мост. Биёед, ин балоро решакан кунему муттаҳид шавем...


Ба ҳамаи мову шумо рӯшану дақиқ аст, ки дар Русия мо, миллати тоҷик, хеле беқадр ҳастем. Ҳамарӯза чи васоити ахбори ом ва чи мардуми бумиву муҳоҷирони дигар мо, тоҷикони муҳоҷирро таънаву масхара мекунанд. Сабаб чист? Шояд бисёриҳо сабабҳояшро гуфта бошанд, вале ман ҳам мехоҳам ҳамчун як донишҷӯ фикру ақидаи худро баён кунам. (Новобаста аз он ки навиштаҳо ман сабаби малоли хотири бархеҳо мешавад!)

Дирӯз дар донишгоҳ будам ва дар дарси "Мировая экономика" нишаста будем. Мавзӯи дарсии мо "Миграция в Россию" буд. Чун дарси озод буд, ҳама фикру ақидаи худро баён мекарданд. Қисме аз донишҷӯён ба муҳоҷирон нафрат доштанду, қисми дигар аз онҳо пуштибонӣ мекарданд.

Ниҳоят, дар поёни дарс, профессор аз банда хоҳиш кард, то фикри худро гӯям. Вақте ман аз меҳнатдӯстиву меҳнатпарастӣ, фарҳангу маданияти миллати тоҷик сӯҳбат мекардам, ҳама дар чеҳраашон ифодаи ҳайрат доштанд. Пас аз изҳори назари ман саволҳои зиёде садо дод. Ман ба онҳо ҷавоб медодам ва мефаҳмидам, ки саволдиҳандаҳо ё иттилоъ надоранд ва ё аз рӯи бадбинӣ савол медиҳанд.

Аммо яке аз саволҳо комилан фарқ мекард. Он чунин буд: «Чаро шумо, тоҷикон, ба монанди мардуми Қафқоз муттаҳид нестед?» Ин пурсиш ҳатто баъд аз дарс низ маро ғарқи хаёл намуд ва мачбурам кард, ки ин мақоларо нависам ва ба Озодӣ ирсол кунам.

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ ҳастанд. Вале аз ҳама аламовараш он аст, ки дар бисёр ҳолат тоҷик тоҷикро фиреб мекунад! Хуб дар бораи сафорат чизе гуфтанӣ нестам! Кормандони он ҳама вақт банданд ва фурсати гӯш додан ба якояки муҳоҷиронро надоранд. Аммо сабаб чист, ки ҳамаи мо аз нокомиҳо сабақ намегирем ва ноҷавонмардии онҳое, ки ҳамватанони худро фиреб медиҳанд, барои дигар табақаи ҷомеаи мо дарси ибрат намешавад?! Чаро мо дасти ҳамдигарро намегирем? Чаро ба хамдигар ёрӣ намекунем? Барои чӣ воқеан муттаҳиду тифоқ нестем?

Бадбахтии бузурге, ки болои миллати мо омадааст, ин маҳалгароӣ аст! Бародарони азиз, марҳамат, як бор ба мардуми Қафқоз назар афканед . Ҳама худро қафқозӣ мешуморанд, ҳол он ки дар Қафқоз зиёда аз 30 миллат зиндагӣ мекунад. Охир, дар Тоҷикистони кӯчаки мо ҳама тоҷиканд ку!!! Пас худро помириву кӯлобӣ, хуҷандиву ванҷӣ тарошиданво чӣ маъно дорад? Оё ҷанги хонумонсӯзи Тоҷикистон аз вамин мавалгароиҳо оғоз нашуда буд?!

Пас биёед, эй бародарони азиз, канори ҳам бошем. Ҳамдигарро эҳтиром кунем, муттаҳид бошем!
Чизи дигаре, ки аламовар аст, ин фаъолияти "пурсамар"-и диаспораҳо аст!

Ман дигар шаҳрҳоро мисол намеорам, биёед, менигарем ба фаъолияти диаспораи тоҷик дар шашҳри Твер. Дар ин шаҳр ҷавонони тоҷик хеле зиёданд ва шукронаи Худованд, ки ҳама муттаҳиданд, ба ҷуз бархе аз бародарони помирӣ...

Чанде пеш байни ҷавонони тоҷик ва озариҳо ҷанҷоле рух дод. Кормандони пулис қисми зиёди ҷавононро боздошт карданд. Чанде сипарӣ нашуда диаспораи озариҳо омада, ҳамдиёрони худро озод кард, аммо ҷавонони тоҷикро пулис пас аз чанд соат ва баъзеҳоро пас аз 2-3 рӯз раҳо намуд. Сабаб чист? Шояд бе шарҳи ман ҳам хонандаи зирак фаҳмад, ки сабаб чист.

Ин танҳо як мисол аст. Чунин ҳодисаҳо дар саросарии Русия ҳар рӯз шояд сад бор рух медиханд, вале, мутаассифона, ҳеҷ яке барои миллати мо дарси ибрат намешавад.

Замоне дарси озоди мо ба охир расид, профессор ба донишҷӯён рӯй овард ва гуфт : "Тоҷикон хело меҳнатдӯстанд. Он кореро, ки инҳо анҷом медиҳанд, ҳеч як нафари мо наметавонем, анҷом диҳем. Аммо, мутаассифона, инхо сарвару сарпаноҳ надоранд ва муттаҳид нестанд..."

Дар охир гуфтаниам: «Бародарони азиз, надоштани пуштибон ва ҳукумати сарпаноҳ ин сабаби мушкилоти мо нест. Бузургтарин мушкили мо ин қавмгароӣ ва маҳалгароии мост. Биёед, ин балоро решакан кунему муттаҳид шавем!!!»

«Пароканда лашкар наояд ба кор!»


Аълохон Азимов,
Маскав, Русия
XS
SM
MD
LG