Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 миллиард доллар барои дастгирии баҳори арабӣ


Раҳбарони ҳашт кишвари саноатии олам мегӯянд, ки дар давоми ду соли оянда ниҳодҳои молии байналмилалӣ метавонанд то 20 миллиард долларро барои пуштибонӣ аз ислоҳоти демократӣ дар Мисру Тунис тахсис диҳанд. Ин тасмими кишварҳои саноатӣ дар изҳороти ниҳоии поёни нишасти дурӯзаи раҳбарони кишварҳо дар шаҳри Довили Фаронса зикр шудааст.
Сармояро Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонки Сармоягузориҳои Аврупоӣ ва Бонки Аврупоии Бозсозиву Рушд ҷудо хоҳанд кард. Соли равон дар Тунису Миср ҳукуматҳои худкома аз сари қудрат дур шуданд.
Ҳамчунон раҳбарони ҳашт кишвари саноатӣ ва ё ба истилоҳ “G-8” изҳор намудаанд, ки раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ “бояд” барканор шавад. Дар мавриди Сурия “G-8” талаб кардааст, ки режими Димашқ “ истифода аз зӯр ва таҳдид” дар муқобили мардумро хотима бахшад.
Раҳбарони Британия, Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Япония ва ё Ҷопон, Русия ва ИМА ҳушдор додаанд, ки агар Сурия ин тақозоҳоро нодида гирад, “чораҳои баъдӣ” андешида хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG