Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сабқати Лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо ширкати 15 даста ҷараён дорад. Рӯзҳои 25-ум ва 26-уми май бозиҳои даври севуми мусобиқа баргузор шуданд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст: “Кӯктош” (Рӯдакӣ) - “Рашт” (Рашт) – 1:0, “Ҳосилот” (Фархор) - “Зарафшон” (Панҷакент) – 2:0, “Вишгард” (Файзобод) - “Вахши зарнисор” (Вахш) – 1:3, “Саройкамар” (Панҷ) - “Ҷавонон” (Турсунзода) – 3:0 (техникӣ), “Локомотив” (Душанбе) - “Пахтакор” (Қубодиён) – 1:2, “Сабо” (Шаҳринав) - “Румӣ” (Ҷалолиддини Румӣ) – 3:0, “Ҳулбук” (Восеъ) - “Ситора” (Рӯдакӣ) – 1:0.

Баъди натиҷагирии бозиҳои се даври мусобиқа дастаҳои “Пахтакор”-и Қубодиён, “Саройкамар”-и Панҷ ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ 7-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Пахтакор” дар ҷойи аввал, “Саройкамар” дар ҷойи дуввум ва “Кӯктош” дар ҷойи севум қарор доранд.

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқа рӯзи чоршанбеи 1-уми июн баргузор мешаванд: “Румӣ” - “Ҳулбук”, “Пахтакор” - “Сабо”, “Ситора” - Данғара”, “Вахши зарнисор” - “Локомотив”, “Зарафшон” - “Вишгард”, “Рашт” - “Ҳосилот”, “Ҷавонон” - “Кӯктош”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG