Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибон саломатии Младичро муоина мекунанд


Serbia - The Belgrade daily "Politika" published a photo of Ratko Mladic, 26May2011. Photo: "Politika"
Serbia - The Belgrade daily "Politika" published a photo of Ratko Mladic, 26May2011. Photo: "Politika"
Имрӯз табибон вазъи саломатии Ратко Младичро муоина намуда, имкони ҳузури ӯ дар ҷараёни муҳокимаро, ки ҳадаф аз он истирдоди ин муттаҳами ҷиноятҳои ҳарбӣ ба трибунали СММ воқеъ дар шаҳри Ҳайг ва ё Гаагаи Ҳолланд аст, эълон хоҳанд кард. Тақозои боздошти Младич соли 1995 нашр шудааст. Рӯзи панҷшанбе баъди 16 соли фирор Младичи 69-сола дар як деҳаи шимоли ҷумҳурии Серб ба ҳабс гирифта шуд.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Босния Младич аз соли 1992 то соли 1995 фармондеҳи артиши сербҳои Босния будааст. Додситонҳои СММ бар ин назаранд, ки дар ин муддат Младич ба табаҳкориҳои ҳарбӣ ва ҷиноят бар зидди инсоният роҳ додааст. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки моҳи июли соли 1995 дар Сребренитса бо фармони Младич қатли оми наздик ба ҳашт ҳазор марду писари мусулмон ба вуқӯъ пайвастааст. Рӯзи панҷшанбе вакили мудофиаи Младич Милос Салйич гуфт, вазъи саломатии фарди мавриди ҳимояташ хуб нест:
Додгустари муфаттиш саъй намуд бо Ратко Младич мусоҳиб шавад, вале ӯ ноком гашт, зеро вазъи саломатии номбурда ҷиддист. Ӯ бо душворӣ посух медиҳад. Аз ин рӯ, додгустар мусоҳибаро қатъ кард. Табибон бояд вазъи саломатии ӯро муоина карда, посух диданд, ки оё ӯ додани ба мусоҳиба қодир аст ё не?
Чанде пеш додситонҳои серб гуфтанд, ки эҳтимол таслими Младич ба додгоҳи СММ як ҳафтаро дар бар гирад.
XS
SM
MD
LG