Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: "ИМА ҳамкори Покистон боқӣ мемонад"


U.S. -- Secretary of State Hillary Clinton addresses an event to launch the U.S. International Strategy for Cyberspace in the Eisenhower Executive Office Building, Washington D.C., 16May2011
U.S. -- Secretary of State Hillary Clinton addresses an event to launch the U.S. International Strategy for Cyberspace in the Eisenhower Executive Office Building, Washington D.C., 16May2011
Рӯзи ҷумъа дар Исломобод котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон ба раҳбарони Покистон итминон дод, ки Вашингтон ҳамоно аз ин кишвар пуштибонӣ хоҳад кард. Ҳадаф аз сафари Клинтон ба Покистон беҳбуди равобит бо ин кишвар аст, ки баъди маҳви пешвои шабакаи террористии ал-Қоида Усома бин Лодин дар хоки Покистон ба сардӣ гаравидааст.
Аснои сафар адмирал Майк Маллен раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи ИМА хонум Клинтонро ҳамроҳӣ мекард.
Ҳангоми сӯҳбат бо президенти Покистон Осиф Алии Зардорӣ ва дигар мансабдорони баландпоя Клинтон гуфт, ИМА хеле ҳам ҷонибдори таҳкими равобит бо Покистон буда, ба дастгириву ҳамкорӣ бо Покистон содиқ аст. Ҳамчунон мансабдорони воломақоми амрикоӣ ба раҳбарони Покистон иброз доштанд, ки дар навбати худ ин кишвар бояд садоқаташ ба ҳифзи манфиатҳои ИМА-ро нишон дода, ба вижа паноҳгоҳҳои ҷангҷӯёнеро, ки бар зидди нерӯҳои ИМА дар Афғонистон ҳамла мекунанд, аз байн бубарад.
Рӯзи панҷшанбе бомбгузори маргталаб, ки зоҳиран ба Толибони Покистон мансуб будааст, дар шимолу ғарби Покистон мошини саршор аз маводи таркандаро дар назди идораҳои ҳукуматӣ мунфаҷир намуда, камаш 32 нафарро ба ҳалокат расонд.
XS
SM
MD
LG