Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мизбонон дар даври 11-уми Лигаи олӣ


Шоми панҷшанбеи 26-уми май боз ду бозии сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии мизбонон ба анҷом расид.

Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар майдони худ бар тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ду голи мизбононро Муҳаммад Уматқулов, легионери узбакистонӣ, зад. Як голи меҳмононро Алишер Қосимов аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бар тими меҳмон - “Гвардия”-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Дар дақиқаи 77-уми бозӣ меҳмонон дар ҷаримагоҳи худ бозигари “Вахш” Умедҷон Шарифовро аз по афтонданд. Сардовар Хуршед Дадобоев (аз шаҳри Хуҷанд) ба дарвозаи “Гвардия” ҷаримаи 11-метра таъин кард. Тӯбро Аҳтам Ҳамроқулов ба тӯри дарвоза зад. Ин голи панҷуми Аҳтам дар мусобиқаи имсола мебошад.

Инчунин Габриэл Донто (“Энергетик”), Комил Саидов (ССКА “Помир”), Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Худойдод Нусратов (“Шодмон”) 5-голӣ задаанд. Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 6 гол дар ҷойи аввал аст.

Ёдовар мешавем, даври 11-уми мусобиқот бо бозии дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Энергетик”-и Душанбе, ки 25-уми май дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода сурат гирифт, шурӯъ шуд.

Нимаи аввали ин бозӣ бидуни гол поён ёфт. Мизбонон Аскар Равшанов ва Хуршед Маҳмудов, капитани “Регар-ТадАЗ”, дар нимаи дуввуми дидор ду бор тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон карда, бозиро бо ҳисоби 2:0 ба нафъи дастаи худ анҷом доданд.

Ду бозии охирини даври 11-уми мусобиқот рӯзи 28-уми май баргузор мешавад. Бозӣ миёни дастаҳои “Шодмон” (Ҳисор) - “Истиқлол” (Душанбе) дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар барпо мегардад. Дастаи «Хайр» (Ваҳдат) дар майдони худ бо ССКА «Помир» (Душанбе) қувваозмоӣ хоҳад кард. Ҳарду бозӣ соати 17 шурӯъ мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Равшан» 10 6 2 2 16-8 20
2. «Истиқлол» 7 6 1 0 16-2 19
3. “Регар-ТадАЗ” 10 6 1 3 19-12 19
4. “Энергетик” 10 5 1 4 14-14 16
5. “Хуҷанд» 10 4 3 3 11-13 15
6. “Хайр” 8 4 2 2 10-5 14
7. ССКА «Помир» 9 4 1 4 17-15 13
8. “Шодмон” 9 3 1 5 14-15 10
9. “Парвоз” 10 3 0 7 11-26 9
10. «Вахш” 10 2 0 8 9-15 6
11. «Гвардия” 9 1 2 6 7-19 5
XS
SM
MD
LG