Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи ҷаҳонӣ аз боздошти Младич


Младич дар лавзаҳои боздошташ.

Младич дар лавзаҳои боздошташ.

Боздошти генерал Ратко Младичро сарони ҷаҳон гарм истиқбол карда, хостори муҳокимаи байналмилалии ӯ шуданд.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, “ҳарчанд мо тавони баргардондани мардуми кушташударо надорем, Младич акнун бояд ба қурбониҳои худ, ба дунё ва ба додгоҳи қонун посух бигӯяд.”

Обама афзуд, ки Амрико чашм ба роҳи истирдоди зуди Младич ба додгоҳи Ҳейг хоҳад нишаст.

Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ боздошти Младичро
Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса

қадами дигари Белград ба сӯи пайвастан ба узвияти ИА номид: "Ин як хабари хеле бузург аст. Ин як тасмими хеле ҷасурона аз ҷониби раисиҷумҳури Сербистон буд ва ин як қадами муҳиме ба сӯи ҳамоиш бо ИА дар ояндаи наздик аст. Ин кишвар азоби зиёд кашид, вале ин воқеъият, ки Сербистон яке аз гумонбарон дар ҷиноёт алайҳи башариятро месупорад, як бахши бузурги ин хабар аст.”

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун низ боздошти гумонбари асосӣ дар ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёт алайҳи башарият дар солҳои ҷанги Боснияро “як рӯзи таърихӣ” барои тантанаи адолати байналмилалӣ хонд.



Лабири кулли НАТО Андрес Фоғ Расмуссен ин хабарро ба унвони “дар ниҳоят пеш омадани фурсат барои тантанаи адолат” маънидод кард.

Додситони кулли додгоҳи Ҳейг Серж Брамметс бо истиқбол аз боздошти Ратко Младич гуфт, Белград “яке аз ӯҳдадориҳои байналмилалиашро иҷро кард.”

Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон, ки иттифоқан дар рӯзи боздошти ин генерали фирорӣ бо сафаре дар Сербистон қарор дошт, гуфт, ин созмон низ мунтазири эҳзори бидуни таъхири Младич ба додгоҳи СММ аст. Хонум Эштон гуфт, дар ин рӯз ба ёди онҳое уфтодааст, ки азизони худро дар ҷанг гум кардаанд.

Катрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии ИА
Боқир Иззатбекович, намояндаи мусалмонон дар раёсати сегонаи Босния ва Ҳерзеговина гуфт, боздошти Младич заминаро барои оштӣ дар нимқораи Балкан бештар мекунад.

Бо ин ҳол, соат ба соат ҷузъиёти бештари чигуна ба дасти мақомоти Сербистон омадани генерал Ратко Младич, фармондеҳи нирӯҳои серб дар солҳои ҷанги Босния, нашр мешавад. Бино ба хабарҳо, пулис ӯро дар рустои хурде дар тақрибан 100-километрии Белград, пойтахти Сербистон, боздошт кардааст. Раиси рустои Лазарево Радмило Станишич гуфтааст, нирӯҳои вижаи серб Младичро ҳанӯз то расидани субҳ дар як манзили якқабатаи аз хишти зард сохташуда гирд карданд.



Младич дар Лазарево бо исми ҷаълии Милорад Комадич ба сар мебурд. Расим Лялич, вазири Сербистон дар умури ҳамкорӣ бо додгоҳи Ҳейг гуфт, Ратко Младич ҳангоми боздошти мисли як марди пир ба назар меомад ва ранги паридаи рӯяш ҳокист, ки ӯ аз ин манзил хеле кам берун мерафт.

Младич дирӯз бори аввал ба додгоҳи ҷиноёти ҷанг дар Белград эҳзор шуд, вале қозӣ баъди чанде маҷбур шуд, бозпурсии ӯро ба далели вазъи бади ҷисмониву равониаш қатъ кунад. Мақомоти Белград аммо умедворанд, ки муҳокимаи парвандаи истирдоди Младич ба додгоҳи Ҳейг то як ҳафтаи дигар такмил шавад. Младич аммо гуфтааст, машрӯъияти додгоҳи Ҳейгро эътироф намекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG