Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама имрӯз озими Лаҳистон хоҳад шуд


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз дар пайи анҷоми кори нишасти сарони G8 ба Лаҳистон, ё Полша – нуқтаи ниҳоии силсилсафараш ба Аврупо - хоҳад рафт. Обама бо раҳбарони Аврупои марказиву шарқӣ, ки низ имрӯз дар Варшава гирди ҳам хоҳанд омад, мулоқот мекунад. Дар музокироти ӯ бо раҳбарони Лаҳистон захоири эҳтимолии гази ин кишвар ва ҳам масоили дифоъӣ аз мавзӯъҳои асосӣ хоҳад шуд. Гузориши ахири Идораи иттилооти энержии Амрико мегӯяд, Лаҳистон ба андозае захираи газ дорад, ки эҳтиёҷоташро барои 300 сол хоҳад пӯшонд. Қарордоди истиқрори ҷангандаҳои амрикоии F-16 дар як пойгоҳи Лаҳистон низ дар ҷараёни ин сафари Обама ба Варшава баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG