Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии як хабарнигор аз зиндони Озарбойҷон


Айнулло Фатҳуллоев баъди раҳоӣ
Айнулло Фатҳуллоев баъди раҳоӣ
Хабарнигори озарӣ Айнулло Фатҳуллоев баъди 4 сол аз зиндон озод шуд. Раҳоии ӯ дар чорчӯби дастури афви раёсатҷумҳурист, ки 90 маҳбусро фаро мегирад. Фатҳуллоев соли 2007 боздошт шуда, бо ҷароими напардохтани молиёт, таҳрик ба терроризм ва тӯҳмат ба 8,5 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ иддао дорад, ки ин иттиҳомот ба мақолаҳои нисбат ба мақомот интиқодомези ӯ рабт дорад. Соли гузашта Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ҳукм кард, ки Фатҳуллоев бояд раҳо шуда, ба ӯ товон пардохт кунанд. Ба дунбол, додгоҳи Боку иттиҳомоти терроризм ва сарпечӣ аз пардохти молиётро аз айбномаи хабарнигор соқит кард, вале инбор бо иттиҳоми ҷадиди ҳифзи маводи мухаддир ба ӯ 2,5 сол ҳукми зиндон дод.
XS
SM
MD
LG