Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ҳамлаи маргталабона дар шимолуғарби Покистон, бино ба хабарҳо, 32 кушта ва то 50 захмӣ ба ҷо гузошт. Пулис мегӯяд, мошини бомбгузоришуда дар ҳошияи чанд сохтмону мағоза дар Ҳангу, минтақае дар ҷавори сарзаминҳои қабиланишини Покистон таркида, дар байни кушташудаҳо афсарон низ будаанд. Масъулияти ҳамларо Таҳрики Толибони Покистон бар ӯҳда гирифт.
Ҳамалоти ҷангиён дар пайи рӯзи 2 май аз сӯи нирӯҳои вижаи Амрико дар Покистон кушта шудани раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома Бин Лодин рӯ ба афзоиш овардааст.
XS
SM
MD
LG