Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

G8 аз инқилобҳои ҷаҳони Араб пуштибонӣ мекунад


Интизор меравад, имрӯз дар рӯзи дуввуми нишасти сарони гурӯҳи G8 дар Фаронса барномаи чандмиллиарддолларии кумакҳо ба Мисру Тунис, пешоҳангони инқилобҳои ҷаҳони Араб, тасвиб шавад. Манобеъи дипломатӣ мегӯянд, ин нишаст ҳамчунин аз тамдиди замони фаъолияти Бонки Аврупоии бозсохт ва рушд дар Африқои шимолӣ ва Ховари Миёна пуштибонӣ хоҳад кард. Дар рӯзи аввали нишаст сарвазири Бритониё Девид Камерон гуфт, G8 бояд ба арабҳои ба хиёбонҳо рехта намоиш диҳад, ки ҷаҳон аз талаби онҳо ба озодиҳои бештари иқтисодиву сиёсӣ ҳимоят мекунад.
XS
SM
MD
LG