Пайвандҳои дастрасӣ

Машқҳои муштараки Тоҷикистону Фаронса дар Фахробод


Фаридун Маҳмадалиев

Фаридун Маҳмадалиев

Дирӯз дар Фахробод машқҳои муштараки зиддитеррори Тоҷикистону Фаронса оғоз ёфт. Дар ин машқҳо дар маҷмӯъ то 100 сарбоз ширкат дошта, Тоҷикистонро як воҳиди нирӯҳои сайёри вазорати дифоъ ва Фаронсаро воҳиди кӯҳии тирандозӣ намояндагӣ мекунанд. Сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев гуфтааст, ин машқҳо дар ду марҳала анҷом хоҳанд шуд ва марҳалаи ниҳоӣ ва асосиаш дар дараи Ромит хоҳад гузашт.
Фаронса танҳо узви эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон аст, ки аз поёни соли 2001 як гурӯҳи хурди нирӯҳояшро дар фурудгоҳи Душанбе мустақар кардааст.
XS
SM
MD
LG