Пайвандҳои дастрасӣ

Тасвиби қонуни афви умум дар Арманистон


Шурӯъи иҷлоси Маҷлиси миллии Арманистон

Шурӯъи иҷлоси Маҷлиси миллии Арманистон

Парлумони Арманистон бо иттифоқи оро қонуни афви умумро тасвиб кард, ки раҳоии тамоми мухолифини зиндониро низ дар назар дорад. Раисиҷумҳур Серж Саркисиён тарҳи қонуни афвро ҳанӯз ҳафтаи гузашта ба Маҷлиси миллӣ ироа карда буд. Бар асоси ин қонун, қарор аст, ҳудуди 400 маҳбус, ё тақрибан 10 дарсад аз ҷамъи маҳбусон аз зиндонҳои Арманистон раҳо шаванд. Интизор меравад, 4 узви Конгресси миллӣ, ки дар пайи эътирозҳои пасоинтихоботии соли 2008 маҳкум шудаанд, низ шомили ин қонуни афв шаванд.
XS
SM
MD
LG