Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек Килюненро "мамнӯъулвуруд" эълон кард


Киммо Килюнен
Киммо Килюнен
Парлумони Қирғизистон Киммо Килюнен, раҳбари куммиссиюни таҳқиқи низоъи хунини қавмии соли гузашта дар Ӯшу Ҷалолободро мамнӯъулвуруд эълон кард. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки вакили қирғиз Қанибек Имоналиев Килюненро ба гирифтани ришва аз ҷудоихоҳони узбак ба ҳангоми таҳияи гузоришаш дар бораи он ҳаводис айбдор кард. Килюнен ин иддаоро бепоя хондааст.
Дар ҷараёни даргириҳо байни узбакҳову қирғизҳо дар Ӯшу Ҷалолобод дар моҳи июни соли гузашта ҳудуди 470 нафар кушта шуданд ва Куммиссиюни мустақили Килюнен дар гузориши дар аввали моҳи май нашркардааш бархе ҳамалот алайҳи узбакҳоро ҳомили мавориди ҷиноёт алайҳи башарият номид.
XS
SM
MD
LG