Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин ҷаласаи саҳҳомони нерӯгоҳи Роғун дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, баргузор шуд.

Ҳадафи аслӣ аз ин тадбир - ташвиқи саҳҳомон ва аз ин тариқ кӯмак ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" унвон мешавад.

Аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои давлат дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва хайрияи додаи ташкилоту муассисаҳо, ба ҳисоби ин ширкат беш аз 831 миллион сомонӣ ва ё муодили 185 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст.

Ин рақамро Одил Нодиров, раиси комиссияи ҷамъиятӣ дар мавриди назорати харҷи маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ба дастомада, дар нахустин ҷаласаи саҳҳомон дар толори Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе ироа кард.

Нодир Одилов
Вай харҷи бахше аз ин маблағҳоро чунин тавзеҳ дод: "Дар маҷмӯъ то 31-уми декабри соли 2010 аз ин маблағ барои сохтмони Роғун беш аз 202 миллион сомонӣ масраф шудааст. Аз ҷумла, барои хариди таҷҳизоти гидротрубина 72 миллион, барои метали зангнагиранда 31,5 миллион, барои харҷи лоиҳакашӣ ва хариди таҷҳизот 45 миллион ва барои хариди металл ҳудуди 54 миллион сомонӣ."

Бо ин ҳол ҳеҷ як саҳҳомон дар мавриди норӯшании харҷи маблағҳо эътироз накард, ҷуз чанд саволи хаттӣ, ки ба котиботи ҷаласа расид. Вале Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон мӯҳтавои ин суолҳоро ошкор накард ва гуфт, ки ба ин суолҳо баъдан ҷавоби хаттӣ хоҳанд дод.



Ин дар ҳолест, ки дар нахустин ҷаласа саҳҳомдорони бузург ширкат доштанд, ки аз даҳ ҳазор сомонӣ бештар саҳмия харидаанд.

Ба гуфтаи бархе аз саҳҳомон аз ин ҷаласа дар бораи тақдири саҳмияҳо, бозори хариду фурӯши саҳмия иттилое ба даст наовардаанд. Як нафар саҳмдор, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, "ин паҳлуҳояшро намедонам. Шояд вақти ба кор шурӯъ кардани Роғун фоида гирем. Ман ба 11 ҳазор сомонӣ саҳмия харидаам."

Пас аз поёни ҷаласаи саҳҳомон аз Нурулло Шулашов, раиси ширкати саҳҳомии нерӯгоҳи Роғун пурсидем, дар сурате, ки бозори хариду фурӯши саҳмия дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, саҳҳомон кай метавонанд аз саҳмияҳои худ фоида ба даст биоранд?

Вай дар посух гуфт, "ман гуфтаниам, ки ояндаи дивидент гирифтан баробар ба кор даромадани агреати аввали нерӯгоҳ аст."


Ин дар ҳолест, ки теъдоди саҳҳомони нерӯгоҳи Роғун ҳудуди 2 миллион нафарро ташкил медиҳад ва бахши қобили мулоҳизаи ин ҷамъиятро донишҷӯён, коргарон ва нафақахӯрони ташкилоту муассисаҳо ташкил медиҳад, ки дар аввалҳои ба фурӯш гузоштани саҳмияҳо иҷборан аз 100 то 500 сомонӣ саҳмия харидаанд.

Ин ҷамъияти бузург дар нахустин ҷаласаи саҳҳомон ширкат накарданд. Аз сӯҳбат бо чанд нафар донишҷӯ ва коргар дарёфтем, ки саҳмиядорон ба истилоҳ кучак аз ин ҷаласа бехабаранд ва нисбат ба тақдири саҳмияҳои дар даст доштаи худ алоқамандии зиёд надоранд.

Дар аввалин иҷлоси саҳҳомони нерӯгоҳи Роғун дар оинномаи ширкати саҳҳомӣ тағйирот ворид карданд ва қарор аст ин иҷлос ҳар сол баргузор шавад ва ин иҷлос ҳақ дорад дар барномаи сохтмон, хароҷоти маблағ саҳм бигирад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Нурулло Шулашов, раиси ширкати саҳҳомии Роғун дар ҳоли ҳозир корҳои барқароркунӣ дар ин нерӯгоҳ идома дорад ва интизор меравад дар дувуним соли оянда нахустин агрегати он фаъол хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG