Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба афзоиши нархи роҳкиро дар Душанбе


Шаҳрдории Душанбе аз аввали моҳи июн нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятиро аз 1,5 то 2 баробар боло хоҳад бурд.

Қудратулло Мирзоев, сокини шаҳри Душанбе коргар аст ва дар як моҳ 270 сомонӣ маош мегирад.

Вай мегӯяд: "Дар як рӯз камаш чаҳор бор аз хизмати мусофирбарҳо истифода мекунам. 270 сомонӣ моҳонаам на танҳо барои хӯрдан, балки барои роҳкиро ҳам намерасад."

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе далели боло бурдани қимати роҳкироро гаронии нархи маводи сӯхт арзёбӣ кард.

Ӯ афзуд: "Ҳоло нархи маводи сӯхт ва равғанҳои молиданӣ, қисмҳои эҳтиётӣ боло рафтааст ва бар асоси хулосаи Хадамоти зиддиинҳисории ҳукумат мо нархи роҳкироро аз 1-уми июн барои машруткаҳо 1 сомониву 60 дирам, барои автобусҳо 1 сомониву 20 дирам, троллейбусҳо 70 дирам ва барои маштуркаҳои бо гази моеъ 1 сомониву 20 дирам таъйин кардем."

НАЗАРУ ВОКУНИШИ СОКИНОНРО АЗ ИН НАВОРИ ВИДЕО БУБИНЕД

Дучарха ба ҷои мусофирбар?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:32 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG