Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фараж": "Ҳукумат медонад, ки муассиси IRS кист."


Шарҳи мухтасари матолиби нашрияҳои чопи Душанбе, ки дар 26-уми май аз чоп баромадаанд.

"Имрӯз нюс" матлаберо зери сарлавҳаи «Дар Аврупо мавқеи Каримов баррасӣ мешавад?» сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба Аврупо мавриди таҳлил қарор додааст. Ин нашрия
Агар ман бигӯям, ки мана ягон хориҷӣ не, ман соҳиби ширкат, бовар ҳаст, ки бегоҳ бо автомат хонаи ман намеоянд? Ё кӣ кафолат медиҳад, ки фарзанди маро гаравгон гирифта, ту рафтӣ ширкатро гирифтиву маблағи бисёр дорӣ, 10 миллион доллар биёр намегӯяд?

навишта, ки "президенти Тоҷикистон дар ҳоле ба Аврупо рафтанист, ки дар чанд моҳи ахир равуои мансабдорони аврупоиву амрикоӣ ба кишвар афзудааст. Коршиносони тоҷик инро натиҷаи муносибатҳои мустақилонаи Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд."

Ҳамзамон ба навиштаи нашрия "бархе аз вакилони порлумони Иттиҳоди Аврупо дар баҳси бавуҷудомадаи Тоҷикистону Узбакистон аз мавқеи аввалӣ ҷонибдорӣ кардаанд. Дастгирии ин вакилон ба чунин маъност, ки Иттиҳоди Аврупо ба ҳайси як ниҳоди бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ метавонад дар ин масъала ба Тоҷикистон кӯмак намояд."

ҲУШДОРҲО

"Озодагон" дар ин замина матлаби "Ҳушдорҳои навбатӣ ба Эмомалӣ Раҳмон"-ро чоп карда ва навиштааст, "матбуоту коршиносони рус пеш аз сафари президенти Тоҷикистон ба Аврупо мисли солҳои қаблӣ эҳтимолиятҳои зиёдро дар миён мегузоранд. Чунин ба назар мерасад, ки агар манфиатҳои Русия дар ин миён халал ёбанд, инҳо ба печида кардани вазъ дар Тоҷикистон талош хоҳанд кард. Пас, назари бисёрии таҳлилгарон, ки усули «сиёсати дарҳои боз» дар шароити кишваре чун Тоҷикистон мувофиқ нест, аз ҳақиқати худ дарак медиҳад."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:05 0:00
Линки мустақим


АЗ ДАСТИ ҲИЗБҲО ЧӢ МЕОЯД?

"Наҷот" назари чанд андешаманди тоҷикро дар посух ба суоли «Аҳзоб чеҳраи сиёсӣ надоранд ё заминаи иҷтимоӣ?» ҷӯё шудааст. Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари масоили сиёсӣ гуфтааст, «аҳзобе ҳастанд, ки ҳамчун ҳизби мухолифи ҳукумат шинохта шудаанд, бинобар ин дар роҳи ин гуна ҳизбҳо монеа эҷод карда мешаванд ва ҳамчунин намегузоранд, ки фаъолияти онҳо густариш ёбад». Аммо Давлати Усмон, дигар аз таҳлилгарони масоили сиёсӣ ба ин бовар аст, ки "фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар баррасии ин ё он масъала пойинтар аз фаъолияти васоити ахбори умум аст, куҷо истад фаъолияти густурда ва қонеъкунанда."

БОЗ ДАР БОРАИ ДВИЗИЯИ 201

"Пажвок" ба баррасии буду боши пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон пардохта ва дар матлаби «Кӯлоб зери чархи зиреҳпӯшҳои Русия» навиштааст, "дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ онҳо, яъне пойгоҳҳои низомӣ миллӣ шуданд, вале Тоҷикистон бо далелҳои зиёд натавонист, ин пойгоҳҳоро миллӣ кунад." Аммо нигаронии нашрия он аст, ки бархе аз воҳидҳои пойгоҳи низомӣ, бахусус дар Кӯлоб дар маркази шаҳр воқеъ ҳаст ва ҳузури он, равуои зиреҳпӯшон дар хиёбонҳо халали ҷиддӣ барои оромии сокинон мегузорад. Дар ҳоле ки ба навиштаи нашрия борҳо пешниҳод шуда буд, то ин воҳидҳо аз маркази шаҳрҳо дуртар бурда шаванд, аммо то ҳол ин пешниҳод аз сӯи низомиёни рус пазируфта нашудааст.

САВОЛИ ТАКРОР: IRS АЗ КИСТ?

"Фараж" мусоҳибаеро бо Рустам Абдуллоев, раиси фаннии ширкати IRS таҳти номи «Ҳукумат медонад, ки муассиси IRS кист...» чоп кардааст. Ҷаноби Абдуллоев ширкати хориҷӣ будани IRS -ро таъйид карда ва гуфтааст, "ширкат дар шакли саҳомӣ аст. Номи муассиси онро ман пинҳон намекунам, ҳукумат ҳам. Исми муассисро қонун пинҳон мекунад. Шумо як чизро фаҳмед, масалан, дар Тоҷикистон бисёр одамони сарватманд ҳастанд, ки ягон корро сар мекунанд ё ҷамъияти саҳҳомӣ доранд. Пас, ҳаминҳо чӣ хел номашонро кушоду озод эълон кунанд?"

Ба таъкиди ҷаноби Абдуллоев "шароити Тоҷикистон ҳаминро талаб мекунад. Агар ман бигӯям, ки «мана ягон хориҷӣ не, ман соҳиби ширкат», бовар ҳаст, ки бегоҳ бо автомат хонаи ман намеоянд? Ё кӣ кафолат медиҳад, ки фарзанди маро гаравгон гирифта, «ту рафтӣ ширкатро гирифтиву маблағи бисёр дорӣ, 10 миллион доллар биёр» намегӯяд?"

ТОҶИКИСТОН ВА ИТТИҲОДИЯИ ГУМРУКӢ

"Ҷумҳурият" зимни баррасии омилҳои болоравии боҷи гумрукӣ дар матлаби «Нафт ворид кунем ё фаровардаҳои нафтӣ?» навиштааст, "Ҳукумат дар ҷустуҷӯи бозорҳои нафтии нав буду ҳаст, то вобастагии нафтиашро аз Русия ба ҳайси кишвари асосии таъминкунанда коҳиш диҳад. Вале имрӯз муҳимтарин роҳи лағви боҷи гумрукӣ аз фаровардаҳои нафтӣ ҳар чӣ зудтар пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумурукӣ мебошад, ки алъон аз Русия, Белорус ва Қазоқистон фароҳам омадааст."

ТӮРАҶОНЗОДА ДАР БОРАИ МУНОСИБАТИ МАҚОМОТ

"Нигоҳ" зимни нашри сӯҳбати онлайнии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, аз рӯҳониёни саршиноси тоҷик аз қавли ӯ навиштаст, ки «муносибати мақомоту уламои исломӣ мӯҳтарамона нест». Аммо ҷаноби Тураҷонзода ба суоли «назари шумо дар бораи ба вуҷуд омадани ҳизбҳои дигари исломгароёни тоҷик чист?», чунин ҷавоб додааст: «Ҳар чизе, ки дар доираи қонун ва ба манфиати миллату давлатдории тоҷикон сурат гирад, ман ба он мухолиф нестам.»

ШЕЪР, ҒАРИБӢ, СИЁВУШ ВА БОЗОР СОБИР

"Миллат" мусоҳибаеро бо Муҳаммадалии Сиёвуш, шоири тоҷики муқими Қирғизистон чоп кардааст, ки дар канори рӯзгори ғарибии ин шоир, назари ӯ ба шеъру шоирӣ ва ҳавзаи адабиёти Тоҷикистон ва ҳамчунин ашъори Бозор Собир ва мулоҳизоти ахири ӯ баён шудааст. Сиёвуш дар мавриди мавонеи бозгашти Бозор Собир ба Тоҷикистон гуфтааст, "агар амиқтар ба ин мавзӯъ биандшем, садди роҳи як шоир барои бозгашт ба Ватан яку ду-то нест. Авомили зиёде инҷо дар миён аст. Дорандаи ҷоизаи Нобел Эсиф Бродский, ки ҳукумати Шӯравӣ ба иттиҳоми «бекоргардӣ» зиндониаш кардаву аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрумаш намуда буд, то охири умр натавонист ба Ватанаш Ленинград баргардад."

Сиёвуш ба иддаои он ки ҳукумат дар ҳангоми будани Бозор Собир дар Тоҷикистон аз баргузории шаби шеъри ӯ худдорӣ кард, мегӯяд, «агар ба ин масъала аз даричаи воқеият бингарем, мақомоти Тоҷикистон кай ва дар куҷо тааҳҳуд кардаанд, ки мубаллиғи шеъри Бозор Собир бошанд, китобҳои ӯро чоп кунанд ва шабҳои шеърашро баргузор намоянд? Ман хабаре аз чунин қарордод надорам. Агар чунин аст, пас ин ҳама сару садои мухлисони устод Бозор Собир ба чӣ далел буд? Ин ҳама интизору таваққӯъ, ин ҳама шӯру даъворо асос чӣ буд?».
XS
SM
MD
LG