Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз боздошти Ратко Младич


Ҷомеаи байналмилалӣ аз боздошти Ратко Младич, муттаҳам ба ҷиноятҳои ҷангӣ дар Сербистон истиқбол кард. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз ин хабар ибрози хушҳолӣ намуда ва гуфтанд, Ратко Младичро бояд фавран ба додгоҳи Гаага интиқол диҳанд. Бен Родс, як дастёри Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба телевизиони Скай Нюс гуфт: "Мо мақомоти сербро барои ин пешрафти муҳимашон табрик мегӯем. Мо мунтазирем то Младич ба Додгоҳи Гаага интиқол ёбад. Айни ҳол мехоҳам бигӯям, ки мо бо хонаводаҳои қурбониён ва афроди зиёде эҳсоси ҳамдардӣ мекунем, ки ҷабри зулму истибдоди Младичро кашидаанд. Имрӯз ҳамчунин нишон медиҳад, ки ҳар кас чунин ҷиноят мекунад, подоши амали худро мебинад." Кетрин Эштон, маъсули умури сиёсатии хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ки имрӯз ба Белград меравад, гуфт, Иттиҳодияи Аврупо интизор дорад, ки Ратко Младич бидуни таъхир ба додгоҳи ҷиноятҳои ҷангии Созмони Милал интиқол дода шавад. Бан Кӣ Мун, дабири кулли ин созмон, боздошти Младичро , “рӯзи таърихӣ” барои адолати байналмилалӣ хонд. Созмони Авфи Байналмилал дар баёнияе гуфт, пас аз 15 сол онҳое, ки ранҷ кашидаанд, дар ниҳоят умед доранд, ки ӯ ҷазои худро хоҳад дид.
XS
SM
MD
LG