Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҳавопаймои НАТО дар Афғонистон суқут кардааст


Паймони НАТО имрӯз эълом кард, ки як чархболи низомиаш дар шарқи Афғонистон суқут кард ва як сарбози хориҷӣ кушта шуд. Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО гуфт, иллатҳои сарнагун шудани чархбол таҳқиқ мешавад. Миллияти сарбози хориҷиро нагуфтаанд. Сар аз соли равон то кунун дар Афғонистон 190 сарбози хориҷӣ ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG