Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо мутахассиси тоҷик зимни барномаи махсуси ҳукумати Русия ба вилоятҳои ин кишвар кӯчонда мешаванд.

Як ҳайати мақомоти вилояти Тамбови Русия дар чаҳорчӯби барномаи "Муҳоҷирати ҳамватанон ба Русия" вориди Тоҷикистон шудааст.

Раҳбари ин гурӯҳ, Михаил Филимонов, сарвари
Мехоҳам, зикр кунам, ки мо касеро муҳоҷир намекунем, таблиғу ташвиқ мебарем, фақат мардумеро, ки ихтиёран мехоҳанд ба Русия кӯчанд, аз кафолатҳои ҳукуматӣ хабардор мекунем...

Раёсати шуғли аҳолии вилояти Тамбов, гуфт, тайи се соли иҷрои барномаи муҳоҷиркунонии Русия танҳо ба ин вилоят 70 нафар аз Тоҷикистон ҳиҷрат кардаанд.

Вай афзуд, коҳиши аҳолӣ дар вилоят ва дар умум дар Русия ҳукумати ин кишварро водор кардааст, ки аз соли 2007 ба ин сӯ барномаи бозгардони ҳамватанонро аз кишварҳои ҷаҳон пиёда кунад: “Ҳоло ба вилояти Тамбов 828 нафар муҳоҷир шудаанд, ки умдатан аз кишварҳои "хориҷаи наздик" — Қирғизистон, Тоҷикистон, Украина, Молдова ва каму беш аз Исроилу Олмонанд. Аммо нақшаҳои мо бузургтаранд. Ҳамасола 3 то 4 ҳазор нафар дар вилоят ба нафақа мебароянд. Мо омодаем тайи солҳои оянда 20 ҳазор муҳоҷирро қабул кунем.»

Бино ба маълумоти намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Душанбе, тайи чор соли иҷрои барномаи бозгардони ҳамватанон аз Тоҷикистон 570 оила, ҳудуди 1660 нафар, ба Русия ҳиҷрат кардаанд.

Олег Коберник, мутахассиси аршади ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, аризае, ки ширкатдорони барнома бояд пур кунанд, аз 33 банд иборат аст ва онҳо ҳақ доранд ду банди онро, ки миллат ва динро
Мо бо аҳли оилаҳоямон рафтанием. Аз ин ҳолро тоқат кардан, баромада фирорӣ шуда рафтан беҳтар аст...

нишон медиҳад, пур накунанд. Вай афзуд, авлавият ба онҳое дода мешавад, ки мехоҳанд, ба ватани таърихиашон пайванданд ва дар Русия сукунат ихтиёр кунанд.

Ӯ афзуд, сокинони ғайрируси Тоҷикистон, ки арзишҳои ҷомеаи рус, аз ҷумла забону фарҳанги русиро эътироф ва дар оилаи худ тарғиб мекунанд, низ ҳамватан маҳсуб хоҳанд шуд ва ҳаққи муҳоҷиратро пайдо хоҳанд кард: «Барои ин чанд кафолати давлатӣ мавҷуданд, ки барои муҳоҷирати ҳамватан ба Федератсияи Русия мусоидат мекунанд. Мехоҳам, зикр кунам, ки мо касеро муҳоҷир намекунем, таблиғу ташвиқ мебарем, фақат мардумеро, ки ихтиёран мехоҳанд ба Русия кӯчанд, аз кафолатҳои ҳукуматӣ хабардор мекунем.»

Ҷаноби Коберник гуфт, дар ҳоли ҳозир наздик ба 80 аризаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар мақомоти зидахли Русия дар марҳалаи омӯзиш қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли қабули ин аризаҳо аз сӯи ҳукумати Русия роҳкирои муҳоҷирон аз ҳисоби давлати Русия, хароҷоти омода кардани аснод, дафъатан ба ширкаткунандаи барнома 40 ҳазор рубли русӣ ва сари ҳар узви оилааш 15 ҳазоррублӣ пардохта мешавад. Ҳамчунин афроди алоҳида ва оилаҳое, ки ба Русия муҳоҷират мекунанд, бо манзил, ҷои кор ва хадамоти тандурустӣ таъмин ва фарзандони онҳо бо таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Масъулони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯянд, ин кишвар бештар дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, саноат, сохтмон ва маориф ба мутахассисон эҳтиёҷ дорад.

Нодир, як мутахассиси барқ аз Душанбе, ки манзилаш ба хотири Нақшаи кулли шаҳр тахриб шудааст, мегӯяд, дар барномаи муҳоҷиркунонии Русия ширкат дорад ва мехоҳад барои зиндагии доимӣ он ҷо равад.

"Мо мехоҳем ватанро тарк кунем. Мо бо аҳли оилаҳоямон рафтанием. Аз ин ҳолро тоқат кардан, баромада фирорӣ шуда рафтан беҳтар аст. Ватан он ҷост, ки як даҳан нону сарпаноҳ ёбем,"-- илова кард ӯ.

НА ОБ ДОРЕМ, НА БАРҚ

Як корманди соҳаи тандурустӣ, ки худро Раҳимшоҳ унвон кард, гуфт: "Шаш сол мешавад, ки зимистонҳо на об дорем, на барқ. Ин ҷо имкониятҳоямон хеле маҳдуд аст, монеаҳо мавҷуданд. Хуб нест, ки биравем ва як зиндагии инсонӣ ба сар барем?"

Барномаи муҳоҷиркунонии ҳамватанони Русия дар ҳоле амалӣ мешавад, ки коршиносони Тоҷикистон чанд сол ба ин сӯ аз "фирори мағзҳо" аз ин кишвар сӯҳбат мекунанд ва бахусус соҳаҳои маорифу тандурустии кишвар ба камбуди мутахассисон мувоҷеҳ шудааст.

Ҳамзамон афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон, ки тайи 20 соли ахир беш аз 2 миллион нафарро ташкил додааст, нигарониҳои дигарро ба бор овардаанд. Аз ҳамин хотир, оё то куҷо барномаҳои муҳоҷиркунонии кишварҳои дигар ба нафъи Тоҷикистон анҷом хоҳад ёфт, суоли фардост.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG