Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломи расмии боздошти Радко Младич


Ратко Младич ҳангоми мушоҳидаи ҷанг алайҳи мусулмонон. Апрели соли 1994

Ратко Младич ҳангоми мушоҳидаи ҷанг алайҳи мусулмонон. Апрели соли 1994

Борис Тадич, раиси ҷумҳури Сербистон, таъйид кард, ки пулиси кишвараш Радко Младич, як муттаҳам ба наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангиро боздошт кардааст. Борис Тадич, бо эъломи ин хабар дар нишастит хабарие дар шаҳри Белград гуфт, Радко Младич барои муҳокима ба Додгоҳи ҷиноятҳои ҷангии Созмони Милал супурда хоҳад шуд: "Аз тарафи Ҷумҳурии Сербистон, ман эълом мекунам, ки мо имрӯз Радко Младичро дастгир кардем. Ҷараёни истирдод, идома дорад. Ин натиҷаи ҳамкории комил бо додгоҳи Гаага аст." Борис Тадич аз додани ҷузъиёти боздошти Радко Младич худдорӣ кард. Додгоҳи Созмони Милал ин фармондеҳи собиқи нерӯҳои Сербистон дар Боснияро ба он муттаҳам мекунад, Радко Младичро додгоҳи Созмони Милал ба ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушӣ дар замони ҷангҳои Боснӣ дар солҳо 1992 то 1995 муттаҳам мекунад. Додситонҳо мегӯянд нерӯҳои ӯ дар 8 ҳазор наврас ва мардони мусулмон дар маҳалли Сребренитса даст доштаанд.
XS
SM
MD
LG