Пайвандҳои дастрасӣ

Ду медали Дилшод Назаров дар Бразилия


Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик

Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар ду мусобиқаи байналмилалии силсилаи IAAF World Chellenge дар Бразилия ду медали нуқра ба даст овард.

Вай нахуст дар шаҳри Уберландия гурзро ба дурии 77 метру 41 сантиметр ҳаво дод ва мақоми дуввумро касб кард.

Ин натиҷаи нишондодаи ӯ нисбат ба ғолиби мусобиқа Кибве Ҷонсони амрикоӣ 2 метру 68 сантиметр камтар аст. Игор Соколови латвиягӣ бо натиҷаи 75 метру 89 сантиметр дар ҷои севум қарор гирифт.

Баъдан Дилшод Назаров дар шаҳри Сан-Паулуи Бразилия бо натиҷаи 75 метру 78 сантиметр боз ҳам дуввум шуд. Дар ин мусобиқа низ рақибонаш Кибве Ҷонсон бо натиҷаи 75 метру 97 сантиметр ҷойи аввал ва Игор Соколов бо натиҷаи 75 метру 64 сантиметр ҷойи севумро азони худ карданд.

Дилшод Назаров дар мусобиқаи севуми байналмилалӣ, ки 26-уми май дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон гардидааст. Ӯ дар мусобиқаи байналмилалии “Гран-прии тиллоӣ”-и Seiko дар шаҳри Кавасакии Ҷопон гурзро ба дурии 76 метру 52 сантиметр ҳаво дода, соҳиби медали биринҷӣ ва роҳхати олимпӣ шудааст.

Дилшод Назаров орзу дорад, ки ба мисли Андрей Абдувалиев қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шавад. Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “Дар урфият мегӯянд, «сарбозе, ки орзуи ҷенерол шуданро надорад, сарбози хуб нест». Ҳар як варзишгар мехоҳад, ки қаҳрамони олимпӣ шавад. Ман ҳам истисно нестам».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG