Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти G-8 дар Фаронса шурӯъ шуд


Нишасти дурӯзаи сарони ҳашт кишвари санъатии ҷаҳон мавсум ба Ҷи-8 имрӯз дар шаҳри Дювели Фаронса шурӯъ шуд. Хосе Мануэл Барросо, раиси Кумиссиёни Аврупо ва Ҳерман Ван Ромпуӣ, раҳбари Иттиҳодияи Аврупо нишасти мазкурро оғоз карданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико бо хатми боздид аз Бритониё вориди ин нишаст мешавад. Интизор меравад, ки гурӯҳи Ҷи -8 барои кӯмак ба Тунис ва Миср, ки раҳбарони худкомаашон дар қиёмҳои мардумӣ барканор шуданд, барномаҳои кӯмакии чандмиллиардолларӣ қабул кунад. Интихоби мудири ояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул ба ҷойи Доминик Стросс Кан, ки ба озори ҷинсӣ дар Амрико муттаҳам мешавад, масъалаи дигари баҳс дар нишасти мазкур аст.
XS
SM
MD
LG