Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии азими пайравони Муқтадо Садр дар Ироқ


Пайравони Муқтадо Садр дар Бағдод, аммо бе ҳузури худи ӯ.
Пайравони Муқтадо Садр дар Бағдод, аммо бе ҳузури худи ӯ.
Даҳҳо ҳазор нафар аз пайравони Муқтадо Садр, як рӯҳонии бонуфузи шиъамазҳаб, имрӯз бо раҳпаймоӣ дар шаҳри Бағдод, хостори тарки Ироқ кардани нерӯҳои амрикоӣ шуданд. Бар асоси созиши амниятии дуҷониба, нерӯҳои Амрико бояд то охири сол Ироқро тарк кунанд, аммо баъзе аз мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, умедворанд, раҳбарони ироқӣ аз онҳо хоҳанд хост, ба хотири тазмини амният, бахше аз нерӯҳояшонро нигаҳ доранд. Айни ҳол Амрико дар Ироқ 45 ҳазор сарбоз дорад. Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ ба муколамаи миллӣ доир ба ин масъала даъват кардааст. Дар раҳпаймоӣ, ки гуфта мешавад, 70 ҳазор нафар ширкат доштанд, шиорҳои зиддиамрикоӣ сар дода ва парчамҳои Амрикову Исроилро оташ заданд.
XS
SM
MD
LG