Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифат ба фиристодани сарбозони қазоқ ба Афғонистон


Собиқадорони ҷанги Афғонистон аз Қазоқистон, аз қарори порлумон барои ирсоли нерӯ ба Афғонистон ба хашм омадаанд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, онҳо бо нашри як баёнияи расмӣ гуфтаанд, “ирсоли ҳатто як сарбози қазоқ ба Афғонистон, кишвари ҷавони моро ба ҷанги васеъи минтақавӣ хоҳад кашид ва барои амнияти шаҳрвандони Қазоқистон, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ хатар эҷод хоҳад кард.” Собиқадорони ҷанги Афғонистон, хостаанд, то порлумон барои қабули қарори фиристодани нерӯ ба Афғонистон пароканда карда шавад. Маҷлиси намояндагони Қазоқистон рӯзи 18 май қароре қабул кард, ки бар асоси он чаҳор сарбози кишвар барои хидмат дар сафи Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО ба он кишвар фиристода хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG