Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар тазоҳуроти Тифлис, 2 нафар кушта шудаанд


Вазорати умури дохилаи Гурҷистон мегӯяд, зимни пароканда кардани тазоҳуроти мухолифон дар шаҳри Тифлис, ду нафар, аз ҷумла як корманди пулис кушта шудааст. Пулис барои пароканда кардани садҳо тазоҳургар аз назди бинои порлумон, ки хостори истеъфои раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ ҳастанд, аз гаши ашковар ва мошинҳои обпошӣ истифода карданд. Ба гуфтаи пулиси Гурҷистон, маъмури пулис ва як марди дигарро мошинҳое зер кардаанд, ки зоҳиран ба Нино Бурҷанадзе, раҳбари мухолифин тааллуқ доштааст. Дар маҷмӯъ ба гуфтаи мақомот, дар тазоҳурот 28 тазоҳургар, ҳашт маъмури пулис ва як хабарнигор маҷрӯҳ шудаанд. Михайил Саакашвилӣ раиси ҷумҳури Гурҷистонро мухолифон ба инҳисор ва ё монополияи қудрат муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG