Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоби ташнаи об


Ба назар мерасад, мушкили дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар навоҳии минтақаи Кӯлоб солҳои наздик ҳалли худро нахоҳад ёфт.

Хар ва зарфҳои плостикӣ феълан ягона воситаи обрасонӣ ба сокинони Кӯлоб гаштааст.

Дидани наврасоне, ки дар даст зарфҳои плостикӣ доранд ва харсавор об мекашонанд, дигар ҳеҷ ҷои ҳам тааҷуб надорад.

Иллати аслии норасоии об барои сокинони Кӯлобро масъулин ба қубурҳои харобшудае вобаста медонанд, ки солҳои 70-уми қарни гузашта бунёд шуда, ҳоло аксари онҳо аз истифода бозмондаанд.

АКСУ САДО ДАР ИН ҶОСТ

Ба баландошёнаҳои Кӯлоб низ бо ин иллат об боло намебарояд ва сокинони ин манзилҳо ҳамроҳи фарзандони хурдсоли худ бо зарфҳои плостикӣ об мекашонанд.


Дар атрофи шаҳр маҳаллаҳои тозае бунёд шудаанд, ки комилан хати оби нӯшокӣ надоранд ва сокинони ин маҳаллаҳо то масофаи 3 ё 5 километр барои овардани оби ошомиданӣ мераванд.

Бархе сокинон дар хонаҳои худ чоҳҳои зеризаминӣ доранд, аммо аксаран обҳои ин чоҳҳо қобили истифода нест ва танҳо ба зироаткорӣ сарф мешавад.

Бо дарназарадошти ин мушкилот, ду сол пеш созмонҳои байнулмиллал барои дастрасии сокинони ин шаҳр ба оби поки ошомиданӣ беш аз се миллион доллар ҷудо кардаанд.

Аммо сокинон мегӯянд, бо вуҷуди бархе корҳои бозсозии хатҳои интиқоли об, ҳеҷ беҳбудие дар самти датрасии оби тозаи ошомиданӣ нест.
XS
SM
MD
LG